Дар ҶСК «Гулистони Душанбе» вохӯрии коршиносони Барномаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) бо намояндагони корхонаҳои нассоҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи амалишавии “Лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ барои омода намудани муҳандисони саноати нассоҷии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон” баргузор гардид. Ҳадафи асосии вохӯрӣ баррасии масъалаҳои калидӣ дар самти омодасозии мутахассисони соҳавӣ, мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат ва таҳкими ҳамкориҳои муассир миёни соҳаи истеҳсолот ва муассисаи таҳсилоти олӣ буд. Зимни мулоқот ҷонибҳо аҳамияти ҳамоҳангсозии назария ва амалияро дар раванди таълим махсус таъкид намуданд.
Дар рафти муҳокимаҳо масъалаҳои такмили ихтисоси кормандони корхонаҳои нассоҷӣ, ҷорӣ намудани барномаҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, инчунин ташкили курсҳои бозомӯзӣ бо ҷалби мутахассисони байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Намояндагони корхонаҳо зарурати омодасозии мутахассисони дорои малакаҳои амалӣ ва дониши муосири технологиро зикр намуда, омодагии худро барои ҳамкории зич бо донишгоҳ дар самти таҳия ва татбиқи барномаҳои муштарак изҳор доштанд. Ҳамзамон, масъалаи ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳои пешрафта ва баланд бардоштани сифати ин раванд яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.
Дар қисмати дигар, иштирокчиён ба баррасии равандҳои муосири технологӣ дар саноати нассоҷӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва рақамигардонии истеҳсолот таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки тақвияти ҳамкориҳои судманд миёни корхонаҳо ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон метавонад ба рушди устувори соҳа, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос мусоидат намояд. Дар натиҷа, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар доираи лоиҳаҳои муштарак густариш дода, иқдомҳои амалӣ ҷиҳати татбиқи пешниҳодҳои баррасишуда роҳандозӣ намоянд.
Ҳамзамон, иштирокчиёни вохӯрӣ аз раванди истеҳсолот дар ҶСК «Гулистони Душанбе» боздид ба амал оварданд. Зимни шиносоӣ онҳо бо марҳилаҳои асосии истеҳсолӣ, истифодаи таҷҳизоти муосир ва ташкили равандҳои технологӣ аз наздик ошно гардиданд. Ин боздид барои арзёбии имкониятҳои ҳамкории амалӣ, такмили таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадам заминаи мусоид фароҳам овард.
02.04.2026, ҶСК «Гулистони Душанбе»

