МУҲОКИМА ВА ҲАМОҲАНГСОЗИИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ҶИҲАТИ АМАЛИСОЗИИ ЛОИҲАИ KOICA ДАР ДОНИШГОҲ

Дар доираи амалисозии лоиҳаи кӯмаки бебозгашти Ҳукумати Ҷумҳурии Корея – «Лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ барои омода намудани муҳандисони соҳаи нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (дар заминаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон), ки аз ҷониби Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) маблағгузорӣ ва татбиқ мегардад, аз 30-юми апрели соли равон раванди муҳокима ва ҳамоҳангсозии фаъол бо иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор идома дорад.
Дар ҷараёни ин раванд, коршиносон ва намояндагони консорсиуми лоиҳа аз Ҷумҳурии Корея, инчунин намояндагони KOICA ба Донишгоҳ ташриф оварда, бо ректори муассиса Раҳмонзода Зоир Файзалӣ вохӯрии корӣ баргузор намуданд. Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои муҳими татбиқи лоиҳа, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба таҳрезии хатҳои муосири технологӣ ва таҷҳизоти соҳавӣ, инчунин корҳои сохтмонӣ, тарҳи бино ва ҷобаҷогузории озмоишгоҳу синфхонаҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Сипас, меҳмонон бо ҳайати кории лоиҳавии Донишгоҳ мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба татбиқи босамари лоиҳа ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд. Ҳамзамон, онҳо аз озмоишгоҳҳои таълимию илмии соҳаи нассоҷии Донишгоҳ дидан намуда, бо имкониятҳо ва заминаи моддию техникии мавҷуда аз наздик шинос шуданд.