Вохӯрӣ бо “Парчамбардорони Пешвои миллат”

Зери ҳамин унвон рӯзи 3-юми октябри соли равон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии ректори Донишгоҳ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бо ҳайати донишҷӯёни фаъолу варзишгарони муваффақи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов зери унвони вохӯрии роҳбарону шахсиятҳои фаъоли ҷумҳурӣ бо “Парчамбардорони Пешвои миллат” доир гардид.
Ташаббуси мазкур ва силсилаи вохӯриҳо бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, камолоти зеҳниву варзишии ҷавонони фаъол аз ҷониби Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов роҳандозӣ шуда истодааст.
Сараввал донишҷӯён аз фаъолияти факултетҳо, кафедраҳо, озмоишгоҳҳо, муҳити фаъолият ва дастовардҳои Донишгоҳ боздид намуданд. Сипас зимни вохӯрӣ ва суҳбати ниҳоят хотирмону судманди ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. бо донишҷӯён вобаста ба мавзуҳои ифтихор ва шукргузорӣ аз дастовардҳои замони Истиқлол, аз корномаҳои шоиста ва эътирофи сатҳи байналмиллалии Пешвои муаззами миллат, ифтихор аз парчамдорӣ ва Парчамбардорони миллат, дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба варзишгарони номовар, пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротӣ, аз ҷумла терористиву экстремистӣ ва фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ, пешгирӣ аз таблиғи идеяҳои ифротӣ, мазҳабӣ, дингароӣ, тақлидкорӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, технологияи муоссир ва аз таҷрибаи фаъолияти корӣ, роҳҳои паймудаи рушд, заҳмату талошҳо ҳамчун ҷавони дар замони Истиқлолияти кишвар рушдкарда ба донишҷӯён суҳбати хело хотирмон доир намуданд.
Дар охир устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов барои қабули самимӣ ва суҳбати ниҳоят таъсирбахшу роҳнамо ба сӯи фардои неки ҷавонон сипосу миннатдорӣ изҳор намуданд.