7-уми сентябри соли 2026 директори бахши робитаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва касбии Шурои Британия ҷаноби Майкл Холгейт бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва баррасии имкониятҳои рушди ҳамкориҳои муштарак ба донишгоҳ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ мулоқот намуд.
Раҳмонзода З.Ф. меҳмонро самимона истиқбол намуда, оид ба фаъолияти таълимию илмии донишгоҳ, иқтидори мавҷуда ва имкониятҳои густариши ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Британияи Кабир ибрози назар кард. Зимни мулоқот ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар идомаи сухан ректор иброз дошт, ки дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ барои омӯзгорону кормандон курсҳои ҳатмии омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ташкил гардида, онҳо дар давоми 9 моҳ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Пас аз анҷоми курсҳо иштирокчиён санҷиши сатҳи забондониро бомуваффақият супорида, соҳиби сертификатҳои дахлдор гардиданд.
Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки донишгоҳ ба баланд бардоштани сатҳи забондонии омӯзгорон ва донишҷӯён таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати фароҳам овардани муҳити бисёрзабонаи таълимӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Айни ҳол дар донишгоҳ 23 фанни таълимӣ бо забони англисӣ таълим дода мешавад.
Дар навбати худ ҷаноби Майкл Холгейт дар бораи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои Шурои Британия дар Тоҷикистон маълумот дода, таъкид намуд, ки барои рушди робитаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Британияи Кабир имкониятҳои васеъ мавҷуданд. Ӯ, аз ҷумла, омодагии ҷонибҳои дахлдорро барои ҳамгироии ҳамкориҳои муштарак, рушди робитаҳои мустақими байни донишгоҳҳо ва таҳияи ташаббусҳои муштараки таълимӣ иброз намуд.
Дар идомаи вохӯрӣ ректори донишгоҳ пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо, аз ҷумла дар самти таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, ташкили табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи омӯзиши забони англисӣ ва истифодаи имкониятҳои таълими рақамӣ баён кард.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи ташаббусҳои муштарак таъкид намуданд.


