Аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ муборак, ДТТ!

Рӯзҳои 2-3 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи IT-и шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба мунисибати 15-солагии таъсиси Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР/IAAR) даҳумин Форуми байналмилалии Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Такмили сифати таҳсилот дар замони рушди зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ: уфуқҳои нави рушди маориф» баргузор гардид, ки дар рафти он намояндагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Шоёни зикри хос аст, ки дар доираи баргузории форум аз ҷониби директори Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР/IAAR) Алина Бакиджановна Ҷумагулова дар фазои тантанавӣ ба ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ШАҲОДАТНОМАИ (Сертификати) АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИНСТИТУТСИОНАЛӢ тақдим гардид.
Дар ҳамоиш беш аз 300 нафар намояндагон аз 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коршиносони байналмилалии созмонҳои ENQA, EQAR, WFME, инчунин сохторҳои марбут ба таъмини сифати таҳсилот аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Британияи Кабир, Туркия, Булғористон ва Молдова ширкат варзиданд.
Масъалаи воридшавии зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ ба раванди таълим, дигаргуниҳои ҷаҳонӣ дар низоми таъмини сифати таҳсилот, таҳсилоти тиббӣ ва алоқамандии он бо илму амалия, инчунин ташаккули фазои ягонаи таҳсилотӣ дар Осиёи Марказӣ аз мавзӯъҳои меҳварии форум ба шумор мерафтанд.
Илова бар ин, таъсири зеҳни сунъӣ (AI) ба сохтори таҳсилоти олӣ яке аз масъалаҳои асосӣ баррасӣ гардид, ки зимни он коршиносон на танҳо истифодаи абзорҳое чун ChatGPT, балки зарурати тағйир додани усулҳои имтиҳонгирӣ, арзёбии дониш ва мутобиқсозии барномаҳои таълимиро ба шароити нави рақамӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҳошияи ҳамоиш ҳамчунин натиҷаҳои барномаи миллии «AI-Sana»-и Ҷумҳурии Қазоқистон низ муаррифӣ шуданд. Дар робита ба ин, вазири илм ва таҳсилоти олии Қазоқистон Саясат Нурбек таъкид кард, ки ҳадафи марказии барнома танҳо омӯзонидан ва ташкили чанд сервиси зеҳни сунъӣ нест, балки ташаккули малакаи истифодаи низоман дуруст ва мақсадноки AI мебошад.
Воқеан, ба пешвози ҷашнҳои милливу давлатӣ, Рӯзи забони давлативу Рӯзи омӯзгор дар ҳошияи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандона ва маорифмеҳваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ташаббусу кушишҳои пайвастаи раёсат ва фаъолияти пурсамари ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон ба ин дастоварди муҳимми стратегӣ соҳиб гардид.
Бо қарори Шӯрои аккредитатсионии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг аз 24 сентябри соли 2026, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба муҳлати панҷ сол ба гирифтани Шаҳодатномаи аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ шарафёб шуд.
Гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим дар таърихи рушди донишгоҳ мебошад. Ин натиҷа на танҳо эътирофи фаъолияти муассиса дар сатҳи байналмилалӣ, балки тасдиқи мутобиқати низоми идоракунӣ, раванди таълим, сиёсати таъмини сифат ва фаъолияти илмию инноватсионӣ ба меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ мебошад.
Аҳаммияти ин дастовард барои таълимгоҳ дар самтҳои зерин зоҳир мегардад:
Якум, эътирофи байналмилалии сифати фаъолият. Сертификати аккредитатсияи институтсионалӣ шаҳодат медиҳад, ки низоми идоракунӣ ва таъмини сифати таҳсилот дар донишгоҳ мавриди арзёбии мустақили байналмилалӣ қарор гирифта, ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ дониста шудааст.
Дуюм, баланд гардидани нуфуз ва рақобатпазирӣ. Аккредитатсияи байналмилалӣ мавқеи Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро дар фазои таҳсилоти олии миллӣ ва байналмилалӣ таҳким бахшида, барои баланд бардоштани эътимоди довталабон, донишҷӯён, корфармоён ва шарикони хориҷӣ замина фароҳам меорад.
Сеюм, фароҳам гардидани имкониятҳои нави ҳамкории байналмилалӣ. Ин дастовард метавонад барои густариши робита бо донишгоҳҳои хориҷӣ, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, татбиқи барномаҳои дипломи дугона, табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон ва иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ мусоидат намояд.
Чорум, тақвияти фарҳанги дохилии таъмини сифат. Аҳаммияти аккредитатсия танҳо дар гирифтани сертификат маҳдуд намегардад. Он донишгоҳро водор месозад, ки низоми мониторинг ва арзёбии сифати таълим, фаъолияти омӯзгорон, натиҷаҳои омӯзиш ва қаноатмандии донишҷӯёнро пайваста такмил диҳад.
Панҷум, баланд бардоштани эътимод ба хатмкунандагон. Эътирофи байналмилалии институтсионалӣ метавонад ба таҳкими имиҷи хатмкунандагон дар бозори меҳнат ва афзоиши эътимоди корфармоён ба сифати омодасозии мутахассисон мусоидат намояд.
Шашум, замина барои байналмилалигардонии таҳсилот. Дастоварди мазкур барои ҷалби донишҷӯён ва омӯзгорони хориҷӣ, рушди таҳсилоти фаромиллӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат шароити мусоид фароҳам меорад.
Натиҷаи ин дастовард алакай дар рафти ин чорабинии бошукӯҳ эълон гардид. Минбаъд Агентии мазкур бо донишгоҳ ҳамкориҳои густардаро ба роҳ монда, метавонад аз ҳайати устодону профессорони донишгоҳ ҳамчун кормандони кироя ҷиҳати гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар сатҳи таҳсилоти ҷаҳонӣ экспертҳои байналмиллалиро ҷалб намояд.
Дар марҳалаи аввал 4 нафар профессорони донишгоҳ ҳамчун экспертони байналмилалӣ аз рӯи равияҳои гуногуни илмиву таълимии ин агентӣ интихоб гардиданд.
Аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ барои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бояд на ҳамчун анҷоми як раванди арзёбӣ, балки ҳамчун оғози марҳилаи нави рушди институтсионалӣ эътироф ва қабул карда шавад.
Ин дастовард эътирофи натиҷаи фаъолияти самараноки ҳайати кормандону омӯзгорони донишгоҳ буда, ҳамзамон барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди илм ва инноватсия ва таҳкими нуфуз ва мавқеъи он дар фазои таҳсилоти олии минтақавӣ ва байналмилалӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Бояд иброз намуд, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг яке аз сохторҳои маъруфи байналмилалӣ дар соҳаи таъмини сифати таҳсилот дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо мебошад.
Он соли 2011 дар Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис ёфта, ташкилоти ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ мебошад. Самтҳои асосии фаъолияти он аккредитатсияи институтсионалӣ, аккредитатсияи барномаҳои таълимӣ, арзёбии берунии сифати таҳсилот, мониторинги пас аз аккредитатсия ва гузаронидани рейтингҳои муассисаҳои таълимӣ мебошанд.
Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои НAAР мақоми байналмилалии он аст. Агентӣ узви комилҳуқуқи Ассотсиатсияи аврупоии таъмини сифати таҳсилоти олӣ – ENQA буда, дар Феҳристи аврупоии агентиҳои таъмини сифати таҳсилоти олӣ – EQAR сабт шудааст. EQAR фаъолияти IAAR-ро ҳамчун ба талаботи асосии ESG – Standards and Guidelines for Quality Assurance in the European Higher Education Area мутобиқ арзёбӣ мекунад. Ин нукта муҳим аст, зеро EQAR феҳристи расмии агентиҳои таъмини сифати Фазои аврупоии таҳсилоти олӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳузури агентӣ дар EQAR нишон медиҳад, ки фаъолияти он аз арзёбии мустақили байналмилалӣ гузаштааст.
Ҳамин тариқ, аккредитатсияи байналмилалии институтсионалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро метавон яке аз рӯйдодҳои муҳимми рушди муассиса дар соли 2026 арзёбӣ кард. Ин санад на танҳо дастоварди қобили мулоҳиза, балки замина барои ҳадафҳои нави донишгоҳ дар солҳои минбаъда мебошад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, соҳиби сертификати аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ гардидани Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ба роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ самимона муборакбод гуфта, ба муассиса дар роҳи татбиқи ҳадафҳои нави таълимӣ, илмӣ ва байналмилалӣ комёбиҳои боз ҳам бештар орзу мекунем.
Дар робита ба ин масъала фишурдаи суҳбати хабарнигори нашрияи “Фановар” бо ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ дар шумораи навбатии он пешкаш мегардад.

Leave a Reply