Муваффақияти донишҷӯи ДТТ дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Президенти мамлакат

14 октябри соли 2026 дар Маҷмааи варзишии «Яккачинор»-и шаҳри Душанбе даври шаҳрии Ҷемпионати ҷумҳурӣ оид ба гуштини ҷудо миёни ҷавонон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар он муҳассили Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ), донишҷӯи курси дуюми факултети муштараки ДТТ ва Донишгоҳи давлатии Полотск Нурулло Аҳмадов рақобати шадид нишон дод. Ӯ дар вазни 60 кило миёни рақибон маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори мақоми сеюм ва роҳхати даври ниҳоӣ гардид.
Ин дастоварди арзандаро ба варзишгари ҷавон ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон самимона табрик гуфта,
ба Нурулло Аҳмадов дар марҳилаи ҳалкунандаи мусобиқа барору комёбӣ ва қуллаҳои нави варзиширо таманно дорем. Ҳар як пирӯзӣ самараи заҳмати шабонарӯзӣ, иродаи пӯлодӣ ва талошҳои пайваста аст. Бигзор ин комёбӣ оғози дастовардҳои боз ҳам бузургтар гардад!
Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии мусобиқаи зикршуда 17–18 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб доир мегардад.
Дар сурат Нурулло Аҳмадов аз рост дуюм мебошад.