Дар доираи татбиқи лоиҳаи «OFINU – Донишгоҳи Кушоди Инноватсияҳо дар Озуқаворӣ»-и барномаи Эрасмус+ Иттиҳоди Аврупо аз 28 июн то 5 июл сафари омӯзишии ҳайати маъмурии (гурӯҳи лоиҳа) Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) ба Латвия баргузор гардид. Ҳадафи ин сафар шиносоӣ бо фаъолияти Донишгоҳи Кушода дар амалия дар донишгоҳи ҳамоҳангкунандаи лоиҳа – Донишгоҳи илмҳои ҳаётӣ ва технологияҳои Латвия (LBTU) ва шарики он – Донишгоҳи техникии Рига (РТУ) буд.
Тибқи барномаи тартибдодашудаи боздиди омӯзишӣ иштирокчиёнро лозим омад, ки омӯзиши 3-рӯза оид ба кор бо аудиторияи калонсол ва идоракунии равандҳои Донишгоҳи Кушода, инчунин вохӯрӣ бо ташкилкунандагон (кормандон), донишҷӯёни собиқ ва шунавандагони беруна ташкил намуда, беҳтарин равишҳо ва форматҳо, ҷиҳатҳои қавӣ ва заъфи онҳоро муҳокима кунанд.
Иштирокчиён аз ширкати истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории «Kelmeni»-и Ранка дидан карданд, ки он ба парвариши зироатҳои ғалладона, захирасозӣ ва нигоҳдории ғалла, истеҳсоли орд ва маҳсулоти нонӣ ва дастрас намудани онҳо ба шабакаҳои савдои чакана машғул аст. Роҳбарони ширкат иштирокчиёнро бо фаъолияти корхонаи худ шинос намуда, дар бораи таҷрибаи ширкатҳо дар соҳаи инноватсияи хӯрокворӣ, инчунин дар бораи тайёр кардан ва бозомӯзии мутахассисон бо кӯмаки Донишкадаи Кушода суханронӣ карданд. Сипас, иштирокчиён бо роҳбарони корхонаи истеҳсоли машруботи алкоголӣ, ки тавассути Донишгоҳи Кушода таҳсил кардаанд, мулоқот намуданд. Дар натиҷаи муҳокима иштирокчиён ба ҳама саволҳои марбут ба қабул, ташкили раванди таълим, натиҷаҳои таълим ва монеаҳои равонӣ барои донишҷӯён дар шакли нави таҳсил посух гирифтанд.
Зимни вохӯрӣ бо намояндагони Вазорати маориф ва илми Латвия гурӯҳи лоиҳа бо таҷрибаи Латвия оид ба рушд ва баланд бардоштани нақши таҳсилоти муттасил дар системаи таҳсилоти олӣ шинос гардиданд.
Таҷрибаи корхонаҳои саноати Латвия оид ба омӯзиши имкониятҳои таҳсилоти муттасил барои инкишоф додани иқтидори захираҳои инсонӣ ҳангоми боздид аз Конфедератсияи корфармоёни Латвия намоиш дода шуд.
Омӯзиш оид ба рушд ва идоракунии Донишгоҳи Кушода дар Донишгоҳи илмҳои ҳаётӣ ва технологияи Латвия (LBTU) ва Донишгоҳи техникии Рига (РТУ) баргузор гардид. Дар ҳарду донишгоҳ барои дидан кардан аз лабораторияҳо ва иншооти таълимии худ экскурсия ташкил карданд. Дар LBTU иштирокчиён аз факултети технологияи хӯрокворӣ дидан намуда, бо заминаҳои озмоишгоҳии факултет, аз ҷумла озмоишгоҳҳои илмии он шинос шуданд.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи боздиди омӯзишӣ иштирокчиёни лоиҳа аз ДТТ таҷрибаи ғанӣ оид ба ташкили омӯзиш дар формати Донишгоҳи Кушода дар асоси таҷрибаи воқеии ду донишгоҳи Латвия пайдо карданд.


