ДОНИШҶӮЁН АЗ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК “АЛИФБОНК” ДИДАН НАМУДАНД

Санаи 18 апрели соли ҷорӣ дар ҶСК “Алифбонк”дар доираи сиёсати кадрӣ ва рушди ҳамкориҳо бо Донишгоҳ, сафари шиносоии (экскурсия) донишҷӯёни факултетҳои иқтисодиёт ва молия, менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ баргузор гардид.
Мақсади ин иқдом шинос намудани донишҷӯён бо фаъолияти рӯзмарраи бонк, муҳити корӣ ва имкониятҳои рушди касбӣ дар он мебошад. Пас аз анҷоми экскурсия донишҷӯён дар ҷараёни сӯҳбат иштирок намуда, имконияти ба даст овардани ҷойи кории муносибро дар бонк пайдо намуданд.