ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН БО УСУЛИ ФАКУЛТЕТ БА ФАКУЛТЕТ

Санаи 23 – 24.04.2025 ректори Донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша дар мулоқотҳояшон боло бурдани сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони соҳиб касбро таъкид меварзанд бо ҳамин мақсад шиносоӣ бо раванди таълиму тарбия ва сатҳи омодагии устодон ба фанҳои тадрисшаванда аз факултетҳои Донишгоҳ дидан намуд. Зимни боздид, роҳбарияти Донишгоҳ бо устодону кормандони илмӣ-омӯзгорӣ ва донишҷӯён мулоқот ороста, масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, истифодаи самараноки технологияҳо замонавӣ аз захираҳои таълимӣ ва риояи низоми дохилии Донишгоҳро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамзамон, номбурда доир ба моҳияти қонунҳои миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлол ва нагаравидан ба пӯшидани либосҳои фарҳанги бегона маслиҳатҳои муфид дод.
Ҳамчунин, ректори Донишгоҳ ба садорати факултетҳо ва устодон тавсияҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки сифати таълим бояд ҷавобгӯ ба талаботи замон ва бозори меҳнат бошад. Мавсуф афзуд, ки омӯзгорон бояд бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ, донишҷӯёнро на танҳо ба дарёфти дониш, балки ба таҳлил, андеша ва эҷодкорӣ ҳидоят намоянд.
Инчунин, дар ҷараёни боздид масъалаҳои беҳтар намудани шароити омӯзиш, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмию таҳқиқотӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд.
Дар интиҳои боздид, ректори Донишгоҳ изҳори боварӣ намуд, ки бо талоши муштараки ҳайати омӯзгорӣ ва донишҷӯён, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузургу шоиста дар соҳаи саноат ва маориф ноил хоҳад гашт.
ДТТ, 23 – 24.04.2025