Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ бо Маркази байналмилалии робитаҳои фарҳангии Малайзия

24 ноябри соли 2026 директори Маркази байналмилалии робитаҳои фарҳангии Малайзия (International Cultural Communication Center of Malaysia – ICCCM), хонум Мис Луи Кхуи Анн, ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи боздид мулоқоти ӯ бо ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот ректори донишгоҳ меҳмонро самимона хайрамақдам гуфта, барои таваҷҷуҳ ва ҳавасмандӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо донишгоҳ изҳори сипос намуд.

Зикр гардид, ки мулоқоти мазкур сеюмин вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ н бо намояндагони ICCCM ба шумор рафта, идомаи робитаҳои қаблан ба роҳ мондашуда мебошад. Дар мулоқотҳои қаблӣ, аз ҷумла масъалаҳои омодасозии мутахассисон дар соҳаҳои техникӣ ва технологӣ, рушди робототехника ва зеҳни сунъӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони чинӣ, инчунин табодули академии омӯзгорону донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд. Ташрифи кунунӣ қадами навбатӣ дар самти таҳкими робитаҳои шарикӣ ва татбиқи ҳамкориҳои амалӣ арзёбӣ гардид.

Дар идомаи мулоқот, бо ташаббус ва мусоидати ICCCM, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ баррасӣ гардида, санади ҳамкорӣ таҳти унвони «Ёддошти тафоҳум байни Донишкадаи технологии Шэнси ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» ба имзо расонида шуд. Санади мазкур барои рушди робитаҳои мустақими байнидонишгоҳӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти муштараки илмӣ-таълимӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар навбати худ, хонум Мис Луи Кхуи Анн барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, омодагии марказро ҷиҳати мусоидат ба густариши ҳамкориҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия, Индонезия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла дар доираи татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ, иброз дошт.

Ҳамзамон, ӯ иттилоъ дод, ки марказ бо муассисаҳои таҳсилоти олии як қатор кишварҳо, аз ҷумла Миср, Африқои Ҷанубӣ, Индонезия, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориҳои густурда дошта, ният дорад робитаҳои худро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон низ тавсеа бахшад. Дар ин замина, имкониятҳои ҷалби муассисаҳои шарик ба ташаббусҳои муштарак ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи робитаҳо, муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак изҳор намуданд.

Мулоқоти мазкур дар таҳкими робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Осиё ва Африқо қадами муҳим арзёбӣ мегардад.

Leave a Reply