Табрикот ба ифтихори Рӯзи Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе

Бо камоли ифтихор тамоми ҳайати омӯзгорон кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Пойтахти азизи кишварамон – шаҳри Душанбе самимона табрику таҳният мегӯем!
Таърих гувоҳ аст, ки фарҳангу маърифати волои ҳар як қавму миллат аз сатҳу сифати шаҳрдориву пойтахти он баҳогузорӣ карда мешавад. Бозёфтҳои археологӣ ва маъхазҳои таърихӣ гувоҳанд, ки нахустин шаҳраки бостонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистони имрӯза ҳанӯз дар асрҳои 3 ва ё 4 то милод, замони аҳди Кӯшониён, арзи ҳастӣ кардааст. Пойтахти кунунии Тоҷикистон мутобиқи маълумоти таърихӣ аз як деҳаи хурде шурӯъ мешавад. Дар ин макон ҳар рӯзи душанбе аз гирду атроф савдогарону тоҷирон ҷамъ омада, бозору нуқтаҳои маҳсулоти ниёзи мардумро ташкил мекарданд. Тавре аз баъзе маъхазҳо бармеояд, бори нахуст номи рустои Душанбе соли 1676 зикр шудааст. Ҳамин тариқ, бо такя ба асноду далелҳои мавҷуда, шаҳри Душанбе соли 1924 ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии мухтори Шуравии сотсиалистии Тоҷикистон эълон гардид.
Муссаллам аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои соҳибистиқлолии кишвар имтиҳони сангини таърихӣ, яъне ҷанги нангину хунини шаҳрвандиро, пушти сар карда, хушбахтона, бо заҳматҳои содиқона сарзамини аҷдодии худро хеле ободу пешрафта гардониданд. Ҳарчанд афзалиятҳои иқтисодии кишвар дар даҳаи аввали соҳибистиқлолӣ хеле камтару маҳдудтар буд, раванди корҳои азнавсозию бунёдӣ тадриҷан шаклу равиши тоза гирифта, ин ҷараён ба эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, садоқат ба Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ табдил ёфт. Маҳз ҳамин масъулияту ифтихор ва нангу номуси миллии мардум буд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – оинаи миллатнамои кишвар, умедгоҳи тоҷикону тоҷикистониён, пойтахти ҷаҳонии об ва шаҳри дӯстию бародаршаҳрии 22 шаҳри ҷаҳон шинохта шуд.
Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллат гардида, ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: “Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дошта бошад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки бо номи Ватан ва пойтахти он – шаҳри Душанбе ифтихор кунад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад”.
Ин дурдонагуфтори Пешвои муаззами миллат, намунаи олии баҳогузории шинохти арзишҳои баланди таърихи деринаи миллат буда, ҳар яки моро ба раванди афзун бахшидани тадбирҳои нав ба нави созандагиҳо ба шинохти умедсаройи тоҷикони ҷаҳон – шаҳри Душанбе ҳидоят месозад.
Дар шароити имрӯзи Истиқлоли давлатӣ низ Душанбе чун пойтахти миллати тоҷик бори фарҳанг ва маънавиёти ҷомеаро бар дӯш дорад ва онро босаброна таҳаммул мекунад. Душанбе имрӯз ҳам фарҳангиёнро аз ҳар гӯшаву канор гирдогирдаш ҷамъ месозад ва чун модари бузургвор дар доманаш парвариш намуда, ҳамқадам бо зиндагии инсонӣ бори масъулият мекашад.
Махсусан, шаҳрдори ҷавони пойтахт муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо расидан ба мансаби шаҳрдорӣ пойтахтро ба мегаполис табдил додааст ва имрӯз Душанбе бо бузургтарин шаҳрҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳукми бародаршаҳрӣ дошта, дар рушду тараққиёти ҷумҳурӣ ва ҳамбастагии миллӣ саҳми муносиб мегузорад. Гузашта аз ин, ҷашни пойтахти азизамон ба як ҷашни миллию умумимиллӣ табдил ёфтааст ва ҳамасола бо шукӯҳу таҷаммули хос баргузор мегардад.
Боиси ифтихори бузург аст, ки шаҳри Душанбе дар як муҳлати кӯтоҳи таърихӣ симояшро комилан дигаргун намуда, ба сифати яке аз шаҳрҳои рӯ ба инкишоф мавқеъ ва нуфузашро на танҳо дар сатҳи минтақа, балки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯз аз рӯз устувортару намоёнтар гардонида истодааст.
Дар ин маврид ёдовар шудан бамаврид аст, ки давоми солҳои 2017 – 2025 пойтахти кишварамон мизбони якчанд ҳамоишҳои байналмилалӣ, конфронси сатҳи баланди созмонҳои бонуфуз гардид.
Дар ин самт низ, давоми ҳашт соли сипаригардида Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонида, баҳри рушду нумуъи иқтисодиёти мамлакат ва ба зиндагии шоиста расидани мардуми шарифи Тоҷикистон як қатор Қарору Қонунҳо, санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалиро маврити таҳлилу баррасӣ қарор дода, қабул намудаистодаанд.
Ҳамин тариқ, ин ҷавони донишманду соҳибкасб ва бомаърифату инсондӯст дар давраи амали худ барои ба фаъолият шурӯъ намудани даҳҳо иншооти иҷтимоию маишӣ, аз қабили мактабу кӯдакистон, муассисаҳои гуногуни тиббию тандурустӣ, толору майдончаҳои варзишӣ бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ саҳми арзандаи хешро гузошта, ҷавҳари асосӣ, кафолату нишони возеҳи рушд ва торафт беҳтар шудани шароити зиндагии сокинони пойтахти азизамон гардида, дар умқи дили сокинони кишварамон мақоми хосе пайдо кардааст.
Дар ҳақиқат, аз иродаву матонат ва малакаву фитрати устувори шаҳрдори ҷавон метавон хулоса баровард, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар баҳри боз ҳам баланд бардоштани нуфузу мартабаи пойтахти азизамон тавассути иқдомҳои созандааш тадбирҳои зарурӣ андешида, шароити мусоиди қиёснопазири зистро дар ояндаи начадон зиёди вақт барои шаҳрвандонаш фароҳам хоҳад овард.
Бо таваҷҷуҳ аз истиқболи арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи бомароми нақшаҳои мавҷуда ва бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, коргоҳҳзои саноатӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо, эстакадаҳо ва инфрасохтори муосири хизматрасонӣ боиси рушди суръатноки маҳсулоти сифатнок ва шинохти мақоми волои пойтахти азизамон гардида, рӯз аз рӯз ин маҷро раванди тозаро касб менамояд.
Бо таваҷҷуҳ ба нуктаву далелҳои мавҷуда ва татбиқи босамари нақшаҳои пешбинишуда, илова намудан бамаврид аст, ки имрӯзҳо дар партави дастуру супоришҳои созандаи Пешвои муаззами миллатамон ва назари бохирадонаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маркази тамаддуни тоҷикон симояшро комилан дигаргун намуда, тамошогоҳ ва макони сайру саёҳати шумораи зиёди хориҷиён гардидааст.
Дар умум, маҷмӯи зиёди иншооту биноҳои бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёдгардида, боѓу гулгаштҳо, майдонҳои сабз, муассисаҳои фарҳангиву илмии замонавӣ ва таҷдиду азнавсозии хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе маҳсули тозакориҳои босамари шаҳрдори ҷавон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.
Бигзор шаҳри Душанбе ҳамеша дар роҳи ободонӣ, сулҳ ва тараққиёт пешсаф бошад ва барои наслҳои оянда намунаи шаҳри сулҳу субот, ваҳдати тоҷикон ва дӯстдоштанӣ боқӣ бимонад!
Рӯзи Пойтахт муборак, ҳамкасбони азиз!
Раҳмонзода Зоир Файзалӣ,
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон