Имрӯз дар Донишгоҳ бахшида ба “Ҳафтаи илм” ва “Бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таҳти унвони “Нақши ихтирооту навоварӣ дар рушди иқтисоди миллӣ” конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Конференсияи мазкур аз 5 бахш иборат буда, дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасиҳои илмии устодону донишмандони соҳа қарор гирифт:
• Навоварӣ, сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
• Ихтироот ва навовариҳои технологӣ дар рушди саноати сабук;
• Нақши муҳандисии барномавӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди иқтисоди миллӣ;
• Шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ;
• Мушкилоти бехатарии иқтисодӣ ва ихтирооту навоварӣ – омили асосии пешбарандаи ҷомеа.
Нахуст, конференсияро муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Яминзода З.А. ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба муҳимияти мавзуи он ва “Ҳафтаи илм” ибрози андеша намуд.
Сипас, муовини ректор Ғафоров Ф.М. дар мавзуи “Заминаҳои ташаккулёбӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ” гузориши илмӣ намуда, иброз намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ санаи 28 декабри соли 2024 ҷиҳати гузариш ба низоми рақамикунонии бахшҳои иқтисоди мамлакат таваҷҷуҳи хосса намуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ бобати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Бо ин ҳадафҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд.
Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар панҷсолаи минбаъда барои пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани тадбирҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот ва ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Баъдан, Ибрагимов Х.И. – д.и.т., профессор дар мавзуи “Эффективность использования новых инновационных разработок на хлопкоперерабатывающих предприятий Республики Таджикистан”, Назарзода Р.С. – н.и.п., дотсент дар мавзуи “Технология ва афзорҳои муосири таълим: воситаҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии тавлидгар” ва Шарипова М.Б. – н.и.х., дотсент дар мавзуи “Натиҷаҳои фаъолияти илмии кафедраи химия дар самти бехатарии ғизоӣ ва амнияти озуқаворӣ” бо маърузаҳои илмии худ баромад намуданд.
Дар фарҷом д.и.и., проф. Усмонова Т.Ҷ. ва д.и.т., проф. Ишматов Б. ба музокира баромада, вобаста ба муҳимияти мавзӯъ ибрози андеша намуданд.
Қайд карда мешавад, ки вобаста ба бахшҳо конференсия зиёда аз 100 мақолаҳо ва гузоришҳои илмӣ ҷамъоварӣ гардиданд.
ДТТ, 24.04.2025