ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАВЗУИ МАЪРИФАТӢ-ҲУҚУҚӢ

Санаи 15.04.2025 дар толори асосии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мавзуи маърифатӣ-ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии болозикр муовини якуми ректор оид ба таълим ва сифати таҳсилоти ДТТ – Насриддинзода Мирзомиддин Шамсиддин, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ – Шарифзода Исомиддин Умар, полковники милитсия, муовини сардори маркази ахборотдиҳии ВКД ҶТ – Маҳмадализода Алишер, полковники милитсия, муовини раёсати огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон – Умарҷони Эмомалӣ, подполковники милитсия, сардори шуъбаи огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон дар ноҳияи Фирдавсӣ – Бадалзода Муборакшоҳ суханронӣ карда, доираи зиёди устодон кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ ширкат варзиданд.
Сараввал муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ – Шарифзода Исомиддин Умар чорабиниро оғоз намуда, меҳмонон ва иштирокдоронро хушомадед гуфта, тазаккур дод, ки воқеан ҷаҳони имрӯзро тазодҳои зиёд фаро гирифтааст, ки онҳо моро водор месозад то аз огоҳиву дарки дурусти равандҳо кор бигирем. Бахусус, ҷавонони ҳушманди кишварро мебояд пайваста бо илми донишу хирад ба гетӣ нигаранд ва бо ақлу заковат аз технологияи иттилоотӣ самаранок истифода бурда худ ва наздиконро аз хатарҳои ҷаҳони муосир бахусус, мағзшӯишудану гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти терористиву экстремистидошта эмин нигоҳ доранд.
Ҳамчунин полковники милитсия, муовини раёсати огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон – Умарҷони Эмомалӣ дар робита ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонону наврасан ва қонунвайронкунии онҳо изҳори назар намуда таъкид дошт, ки нафароне ҷиноят содир мекунанд, ки аз таҳсил дур мондаанд ва бедонишиашон ба он водор мекунад, ки ба ҳар гуна гапҳои беасосу пуч бовар намуда, ба ҷиноятҳои вазнин даст зананд. Инчунин номбурда ба тафсил доир ба моҳияти қонунҳои миллие, ки имрӯз дар Тоҷикистон амал мекунад, аз ҷумла Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бороаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”сӯҳбати кушоду озод намуд. Инчунин изҳор дошт, ҷавоноро месазад мунтазам бо омӯзишу тадқиқ машғул шаванд ва бавижа донишҷӯёни ДТТ барои пешрафти саноатикунонии кишвар ва рушди рақамикунониву инноватсия саҳми арзандаи худро гузоранд.
Сипас, полковники милитсия, муовини сардори маркази ахборотдиҳии ВКД ҶТ – Маҳмадализода Алишер суханронӣ карда, дар бораи омилҳо ва сарчашмаҳои ҷиноят маълумот ироа намуда, ба иштирокдорон мафҳуми боварӣ ва хиёнатро ба таври саволу ҷавоб бо возеҳ арзёбӣ намуда, номбурда даъват ба амал овард, ки ҷавононро зарур аст то роҳи худро бо дониш мунаввар созанд, тафаккури таҳлилии худро тақвият диҳанд ва барои пешрафту рушди кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми назарраси худро гузоранд.
Дар поёни чорабинии болозикр муовини аввали ректор оид ба таълим ва сифати таҳсилоти ДТТ – Насриддинзода Мирзомиддин Шамсиддин намояндагон ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ хайрамақдам гуфта, ҷиҳати иштирок дар чорабинни мазкур ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ сипосу миннатдорӣ намуд.
ДТТ, 15.04.2025