Баррасии масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи KOICA дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

1- уми сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи «Таъсиси Маркази таълимӣ оид ба технологияҳои нассоҷӣ барои омода намудани муҳандисони соҳаи саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) маблағгузорӣ мегардад, вохӯрии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бо директори Дафтари Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Тоҷикистон ҷаноби Канг Сонг Ҳун ва намояндагони гурӯҳи татбиқи лоиҳа таҳти роҳбарии Чой Вон Сеок – директори Маркази ҳамкориҳои глобалии DYETEC, баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ меҳмононро бо рафти амалишавии лоиҳа, корҳои анҷомдодашуда ва қадамҳои минбаъдаи татбиқи он шинос намуда, оид ба тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати фароҳам овардани заминаи зарурии ташкилӣ, инфрасохторӣ ва кадрӣ барои татбиқи босамари лоиҳа маълумот пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки дар марҳилаи кунунии лоиҳа масъалаҳои вобаста ба омодасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, тарҳрезии бинои Марказ, интихоби дастгоҳ ва таҷҳизотҳои муосири озмоишиву илмӣ-тадқиқотӣ, ҳамоҳангсозии талаботи техникӣ ва ташкилии он, инчунин омодагӣ ба баргузории тендери байналмилалӣ мавриди корбарӣ қарор доранд. Ҷонибҳо инчунин оид ба натиҷаҳои корҳои омодагӣ, хулосаҳои коршиносони соҳавӣ ва тавсияҳои Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) табодули назар намуданд. Дар рафти мулоқот зарурати ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолияти ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, риояи талаботи техникӣ ва стандартҳои муосир, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои оғози фаъолияти пурраи Марказ таъкид гардид. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории зич ва татбиқи босифату саривақтии лоиҳа иброз намуданд.

Leave a Reply