1.09.2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки фазои хело зебои идона дошт, чорабинии «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ» дар сатҳи баланди ташкилӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сайиднуриддинзода Аҳлиддин ва ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ табрику таҳният намуданд.
Зимни ироаи баромадҳо қайд карда шуд, ки имрӯз мо на танҳо оғози соли нави таҳсилро ҷашн мегирем, балки Дарси сулҳ мегузаронем, зеро ҳар як дарси дониш дар фазои сулҳу оромӣ маънои бештар пайдо мекунад. Имрӯз, барои мо боз як маънои бузург дорад. Мо, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва он бароямон 35 соли Истиқлолу давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат, созандагӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ мебошад.
Ҳамчунон, қайд карда шуд, ки омӯзгор дар ҷомеа на танҳо омӯзандаи фан, балки тарбиятгари шахсият мебошад. Як сухани дурусти омӯзгор метавонад ҷаҳонбинии хонандаро тағйир диҳад. Як дарси хуб метавонад муҳаббат ба илмро бедор кунад. Як намунаи шахсии омӯзгор метавонад инсонро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Дар шароити имрӯза дар асоси ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат омӯзгори асри XXI бояд: хело донишманд, ватандӯст, таҳаммулпазир, навовар, масъулиятшинос ва соҳибфарҳанг бошад. Вазифаи омӯзгор тарбияи насли нав аст, ки тавонад ҳамзамон ватандӯст ва ҷаҳонбин, миллатдӯст ва таҳаммулпазир, соҳиби мавқеи шаҳрвандӣ ва тарафдори сулҳ бошад, қайд кардан баромадкунандагон.
Дар охири чорабинӣ, ҳамзамон арафаи соли нави таҳсил, чун анъана дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, вобаста ба дастгирии табақаҳои иҷтимоӣ ва оилаҳои ниёзманд ба 13 нафар донишҷӯёни ятими кулл ва маъюбони гуруҳи дуюм, ки айни ҳол донишҷӯ мебошанд, аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳаҷми ду ҳазор сомонигӣ дастгирии иҷтимоии идона расонида шуд.

