ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ РВКД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ГУРУҲИ ҶАВОНОНИ “АВАНГАРД”-И ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

Дар асоси нақшаи муштараки чорабиниҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва РВКД дар шаҳри Душанбе санаи 15.02.2025 дар толори Китобхонаи Донишгоҳ вохӯрии судманд бо ҷавонон гурӯҳи “Авангард”-и Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар чорабинии номбурда муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода Исомиддин Умар, муовини сардори ХОПҲНҶ РВКД дар шаҳри Душанбе, Саидов Баҳрулло, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”- и шаҳри Душанбе Юсуфзода Муҳаммадҷон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ДТТ Боқизода Муҳаммадзикриёи Боқимаҳмад ва донишҷӯёни ба гурӯҳи номбрада аъзо буда, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У. намояндагони РВКД дар шаҳри Душанберо ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки вохӯрии имрӯза барои боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва худогоҳии милли ҷавонони инҷо ҳузурдошта кӯмаки маънавии худро хоҳад расонид.
Дар идома муовини сардори ХОПҲНҶ РВКД дар шаҳри Душанбе, Саидов Ф. ёдовар шуд, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани ҷиноятҳои гунонгун аз ҷониби ҷавонон ва наврасон низ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз, аз шумо ҷавонон даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо миёни ҷавонону наврас корҳои профилактикӣ бурда, пайваста миёни ҳамсолону ҳамкурсон тарғибу ташвиқи дар дораи қонун зиндагии худро ба роҳ мондан ва барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми боризи худро гузоштан, саъю кӯшиш намоед.
Ҳамчунин роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”- и шаҳри Душанбе Юсуфзода М. Таъкид дошт, ки вазифаи гурӯҳи ҷавонони “Авангард” аз он иборат аст, ки пешгрии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои хусусияти террористию экстримистӣ дошта, дар чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатие, ки дар минтақаҳои кишвар баргузор мегардад ба низом даровардани тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар корҳои ҷамъиятиву давлатӣ мебошад.
Мо ҷавононро месазад, ки доиман донишу малакаи худро сайқал диҳем ва ояндаи давлату миллати хешро боз ҳам рангинтару зеботар гардонем, то насли фардои мо бо ифтихору сарфарозӣ умр ба сар баранд.
ДТТ, 15.04.2025