Ҷаласаи корӣ оид ба фаъолияти донишгоҳ ва омодагӣ ба соли нави таҳсил ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷаласаи кории кормандону омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Кормандон ва устодони донишгоҳ ҷиҳати дастгирии сиёсати роҳбарияти донишгоҳ ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар самти рақамикунонӣ ва инноватсия мавқеи устувори худро изҳор намуданд.
Дар ҷаласа рафти иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ мавриди таҳлил қарор гирифта, барои фаъолияти минбаъда вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд. Ҳамзамон, омодагии донишгоҳ ба соли нави таҳсили 2026–2027, аз ҷумла ҳолати синфхонаҳо, озмоишгоҳҳои технологӣ, захираи китобхона ва ҳуҷҷатҳои таълимию методӣ, мавриди санҷиш қарор гирифт.
Яке аз масъалаҳои меҳварии ҷаласа омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ин замина, аз ҷониби муовинони ректор рафти иҷрои бандҳои нақшаи кории донишгоҳ оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни мазкур мавриди пурсиш ва таҳлили ҷиддӣ қарор дода шуд.
Аз масъулини сохторҳо ва факултетҳо оид ба рафти омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои илмию маърифатӣ, барномаҳои тарбиявӣ, инчунин корҳои ободонию кабудизоркунии саҳни донишгоҳ ҳисобот гирифта шуд. Таъкид гардид, ки тамоми сохторҳо ва кормандон бояд дар рӯзҳои боқимонда масъулияти бештар нишон диҳанд, то донишгоҳ ин ҷашни бузурги миллиро дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо нишондиҳандаҳои арзанда пешвоз гирад.
Дар ҷараёни ҷаласа раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ суханронӣ намуда, ба масъалаҳои риояи қатъии интизоми меҳнат ва тартиботи дохилии донишгоҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Қайд гардид, ки риояи реҷаи корӣ ва баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар як омӯзгор аз омилҳои муҳими таъмини сифати таълим ва баланд бардоштани обрӯю эътибори донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар остонаи соли нави таҳсил таъмини шароити бехатари корӣ дар синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳо, инчунин ҳифзи меҳнати кормандон, зери назорати доимӣ қарор дорад. Кумитаи иттифоқи касаба омода аст, ки ҷиҳати таҳкими дастгирии иҷтимоии устодону кормандон ва ҳавасмандгардонии моддию маънавии аъзои коллектив тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

Leave a Reply