ОМӮЗИШИ СТРАТЕГИЯҲО ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ МИЁНИ КОРМАНДОНИ ИДОРАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ ВА КИТОБХОНАИ ИЛМӢ-ЭЛЕКТРОНИИ ДОНИШГОҲ

Вохӯрии навбатӣ ҷиҳати омӯзиши стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ миёни кормандони идораи таълимӣ-методӣ ва китобхонаи илмӣ-электронӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯри сардори шуъбаи татбиқи стратегияҳои Донишгоҳ Иброгимов Х.И. дар бораи мазмун ва мундариҷаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030, Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар стратегия, консепсияву барномаҳои давлатӣ ва татбиқи онҳо маълумоти мухтасар дод.
Дар интиҳо ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
ДТТ, 15.04.2025