Санаи 13.03.2025 дар Донишгорҳи технологии Тоҷикистон дар асоси нақшаи муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе дар самти сиёсати ҷавонон ва ватандӯстии шаҳрвандон таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” бо иштироки устодону кормандон, донишҷӯён ва масъулини соҳа баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У., сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Р., директори маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳайёти солим Зайнаб Анварӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ғаффорзода Ю. ва дигар сохторҳои марбута иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У. меҳмононро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, иштирокдоронро ба омад-омади фасли зебои баҳор ва ҷашни Наврӯзи байналмилалии дар пеш истода самимона табрику таҳният намуд. Ҳамчунин мавсуф қайд намуд, ки имрӯзҳо ҷаҳон дар вазъияти хеле душвори геополитикӣ қарор дорад. Мо мардуми шарафмани Тоҷикистонро мебояд ба қадри сулҳу субот ва осоиштагии кишвари азизамон Тоҷикистон бирасем ва марзу буми онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.
Директори маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳайёти солим Зайнаб Анварӣ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки барои ҳамеша солиму тандуруст будан, пайваста аз ғизои солим истифода намуда, ба варзиш машғул шудан лозим аст. Инчунин номбурада ба донишҷӯён ҷиҳати дуруст истеъмол намудани ғизои солим ва гигиениаи шахсӣ маслиҳатҳои муфид дод.
Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Р. сараввал тамоми ширкаткунандагонро ба фарорасии фасли гулҳо ва Наврӯзи оламафрӯз сидқан муборакбод намуда тазаккур дод, ки ҷавонон ҳамеша зери ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеъа эътироф шудаанд. Инчунин номбурда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати таблиғи либоси миллӣ ва нагаривидан ба фарҳагҳои бегона диққати аввалидараҷа диҳанд. Ва шукуронаи сулҳу суботи кишвар намуда, дар оянда мутахассисони касбӣ шуда, ҳамчун фарди ватандӯст пайваста барои рушду нумуи Тоҷикистон маҳбуб камари ҳиммат бубанданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ саволҳое, ки аз ҷониби донишҷӯён пешниҳод гардид, масъулини соҳаҳои марбута посухҳои мушаххасу қонеъкунанда гардониданд.