Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “чакан – мероси беназири тоҷикон”

Санаи 14.03.2025 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Чакан – мероси беназири тоҷикон” бо иштироки меҳмонони олиқадр, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ибтидои рӯз намоиши осори эҷодиву ҳунарӣ ва дастовардҳои факултети технология ва дизайни донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он намунаҳои офаридаҳои устодону донишҷӯён дар самти тарроҳиҳои муосири чакан ва атласу адрас, кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Пас аз боздиди намоишгоҳ дар толори Донишгоҳ ҳамоиш ба кори худ шуруъ намуд, ки дар он Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлат Сафар, Муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ – Шукурзода Саодат, Директори нашриёти “Адиб” – Раҳмоналӣ Мирализода, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Ҷонибек Асрориён, Директори Осорхонаи мардумшиносии назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи Милии илмҳои Тоҷикистон – Тутинисо Ашурматова, Сардори шуъбаи муссисаҳои илмӣ – таълимии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шарифова Дилафрӯз, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюби Мухбирахон, муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Яминзода Заррина Акрам, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода Исомуддин Умар ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ -Шарифзода Исомуддин Умар ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро ба омад-омади фасли баҳор ва Наврӯзи хуҷастафол табрик намуда, сухани ифтитоҳиро ба муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Яминзода Заррина Акрам во гузошт.
Муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Яминзода Заррина Акрам сараввал ба ҳамаи ширкаткунандагон барои иштирок дар ҳамоши болозикр изҳори миннатдорӣ намуда, аз номи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, тамоми меҳмононро самимона хайрамақдам намуд. Ҳамчунин афзуд, ки роҳбарияти Донишгоҳ ба аҳамияти эҳёи мероси фарҳангӣ, махсусан санъати чакан, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, омодааст барои таҳқиқ ва рушду нумӯи ин ҳунари беназир саҳмгузор бошад. Қобили қайд аст, ки дар замони муосир раванди ҷаҳонишавӣ доираи муносибатҳои байналмилалӣ ва майдони равобити фарҳангиро фарох намуда, зарурати эҳёи анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва беҳдошти асолати онҳоро тақозо менамояд. Мавсуф афзуд, дар ин росто рушди фарҳанги миллӣ барои таҳаввули муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти эҳёи ҳунарҳои бадеии халқӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ аҳамияти бағоят муҳим дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистони тозабунёд бо анъанаҳои ҳазорсолаи фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеи аввалиндараҷа дорад. Бо назардошти аҳамият ва ҷойгоҳи махсус анвои гуногуни ҳунари мардумӣ дар рушди фарҳанги муосир эҳёи яке аз самтҳои таркибии он ки санъати чакан-гулдӯзӣ (кашидадӯзӣ) ба шумор меравад, дар шароити имрӯза андешидани тадбирҳои доимиро талаб менамояд.
Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлат Сафар сараввал ёдовар шуд, ки 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии Юнеско чакан ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд. Чакан як навъи гулдӯзии маъмул дар Тоҷикистон буда, он дар сомонаи ЮНЕСКО чунин муаррифӣ карда шудааст: «Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар воқеъ, маҳорати дастони гулдӯзон гӯё имрӯзро бо гузашта мепайвандад ва дар гулҳои офаридаашон ба ояндагон нияти неки худ ва гузаштагонро ба мерос мегузоранд.
Директори нашриёти “Адиб”- Раҳмоналӣ Мирализода барои ташкили чунин ҳамоиши ҷумҳуриявӣ миннатдорӣ намуда, афзуд ҳар як гуле, ки дар чакан бо сӯзан меофаранд, гӯё дунёест, ки асрҳо бегазанд дар шуури мо нақш бастааст ва он гувоҳи ривоҷи ҷаҳони маънавӣ, ғояҳои инсонгароӣ ва миллӣ буда, аз фарҳанги ғании халқи тољик дарак дода, таҷассуми шукуфоии дунёи бепоён ва ояндаи инсоният аст.
Мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Ҷонибек Асрориён аҳмияти чаканро аз назари таърихи баён намуда, изҳор дошт, ки вожаи «чакан»-ро фарҳангномаҳои мӯътабартарини куҳан,чун «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», “Мадор”, «Рашидӣ», «Кашф» шарҳ додаанд. Ибтидоан дар кашидадӯзии аҷдодони қадими эронӣ нақши «салиб» нишони махсус буд. Он ифодагари ростию росқавлӣ, ифодагари чор унсури арбаъаи сабаби пайдоиши одаму олам мебошад. Агар дар ибтидо мардуми ориёӣ дар либосҳояшон танҳо нишони салибро истифода мебурда бошанд, бо гузашти айём ин нақш такмил ёфта, нақшҳои нав аз қабили давра, ифодакунандаи офтоб рамзи рӯшноию гармӣ, гулҳои ҳамешасабз – ифодаи садоқату эҳтиром ба сарзамини хеш ва монанди инҳо пайдо гардиданд. Чакан ҳамучун либоси милли тоҷикон таърихи хеле қадима дошта, ҳар рамзи он ифодакунандаи роҳҳои тайкардаи миллат дар шебу фарозҳои таърихро ифода менамояд.
Директори Осорхонаи мардумшиносии назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи Милии илмҳои Тоҷикистон – Тутинисо Ашурматова зикр намуд, ки яке аз қадимтарини матое, ки дар он нақшҳои чакан таҷассум ёфтааст, ҳангоми корҳои бостоншиносӣ аз ҳудуи ноҳияи Фархор кашф карда шудааст, имрӯз дар Осорхонаи мардумшиносии назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи Милии илмҳои Тоҷикистон ҳифз ва муаррифь карда мешавад. Ҳар нақши ин бозёф далолат ба он менамояд, ки халқи тоҷик аз қадим зебопарасту фарҳангсол буданро ифода мекунад.
Намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Аюбӣ Мухбирахон аз ташкили чунин намоиши сатҳи баланд изҳори қанотаманӣ намуда ёдовар шуд , ки чакан ҳамчун либоси миллӣ ҳар бонуи тоҷикро зеби дучанд дода, мисли гулҳои баҳорӣ онҳоро мешукуфонад. Инчунин аз занону бонувон даъват ба амал овард, ки ҳарчи бештар либосии милли тоҷикиро миёни занону духтарон таблиғ намоем ва аз ба бар намудани либосҳои фарҳангҳои бегонга худдорӣ намоянд.
Дар қисмати охири ҳамоиш барномаи фарҳангӣ-фароғатии ансабли “Зуҳал” ва намоиши муд, ки аз ҷониби факултети технология ва дизайни Донишгоҳ омода гардида буд, хотири меҳмонони воломақом, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёнро болида гардонид.
ДТТ, 14.03.2025