Гузаронидани дарси амалӣ дар Комбинати шири Душанбе

Санаи 19.11.2026 аз ҷониби Мергандова Зуҳро, ассистенти кафедраи мошин ва дастгоҳҳои истеҳсоли хӯрока, дар доираи фанни «Технология ва таҷҳизоти коркарди шир» барои донишҷӯёни ихтисоси 1-54010105 – «Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (саноати хӯрокворӣ)» дар Комбинати шири Душанбе машғулияти амалӣ баргузор гардид. Мавзӯи машғулият «Дегустатсияи маҳсулоти ширӣ» буд.
Зимни баргузории машғулият донишҷӯён бо раванди истеҳсол, коркард ва намудҳои гуногуни маҳсулоти ширӣ аз наздик шинос шуданд. Ҳамзамон, ба онҳо тарзи гузаронидани дегустатсия, муайян намудани нишондиҳандаҳои органолептикии маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла ранг, бӯй, мазза, намуд ва сохтори маҳсулот шарҳ дода шуд. Донишҷӯён имконият пайдо карданд, ки донишҳои назариявии худро дар шароити воқеии истеҳсолӣ мустаҳкам намоянд.
Ҳадафи асосии баргузории чунин машғулиятҳои амалӣ баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, ташаккули малакаҳои амалӣ ва шиносоии донишҷӯён бо усулҳои баҳодиҳии сифати маҳсулоти ширӣ мебошад. Чунин дарсҳои амалӣ барои омода намудани мутахассисони соҳибтахассус дар соҳаи саноати хӯрокворӣ, инчунин дарки аҳаммияти риояи талаботи стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи маҳсулот ва ҳамзамон гузариш ба низоми таҳсилоти дуалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Leave a Reply