ИДОМАИ СИЛСИЛАВОХӮРИҲО ҶИҲАТИ ОМӮЗИШ ВА ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯҲО ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ

Санаи 11.04.2025 вохӯрии муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ Ғафоров Ф.М., мудири шуъбаи татбиқи стратегияҳо Иброгимов Х.И. ва сармутахассиси ҳамин шуъба Ҳасанов А.Р. бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷуёни факултети технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ оид ба омӯзиши стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ баргузор гардид.
Зимни вохурӣ Ғафоров Ф.М. дар суханронии худ қайд намуд, ки дар таърихи 28 декабри соли 2024 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ – мақоми олии қонунгузори мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву хуқуқӣ, маънавию фарҳангии ҷомеа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зимни ироаи Паём, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оид ба гузариш ба низоми рақамикунонии бахшҳои иқтисоди мамлакат хосатан таваҷҷуҳ намуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Бо ин ҳадафҳо, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Дар рафти суханронии худ Ғафоров Ф.М. “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”-ро шарҳ дода, дар бораи тамоюли истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон, баҳодиҳии вазъи имрӯза ва имкониятҳои рушди зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, биниш, ҳадаф ва вазифаҳои стратегияро, давраҳои амалисозии он, нақши зеҳни сунъӣ дар ҳушмандсозии минтақаҳо, дар маориф ва неруи инсонӣ, дар татбиқи ҳукумати электронӣ маълумоти муфассал дод.
Сипас, профессор Иброгимов Х.И. дар бораи мазмун ва мундариҷаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030, Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар стратегия, косепсияву барномаҳои давлатӣ ва татбиқи онҳо маълумоти мухтасар доданд. Инчунин номбурда “ Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро муфассал шарҳ дода, дар бораи амалҳои коррупсионе, ки дар Донишгоҳ ба вуқуъ пайвастанаш мумкин аст ва пешгирӣ намудан аз ин амалҳо, баромад намуд.
Сармутахассиси шуъба н.и.и., дотсент Ҳасанов А.Р. оид ба моҳият ва амалишавии ду стратегияе, ки ба самти молия ва иқтисодиёт дахл доранд, яъне “Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мухтасар баён намуд. Инчунин дар бораи марҳилаҳои иҷрои ин стратегияҳо ба ҳозирин маълумот дода шуд.