Омӯзиши стратегия ва барномаҳои давлатӣ бо ҳайати кормандони идораи маъмурию хоҷагидорӣ, раёсати молия ва муҳосибот оид ба татбиқи Стратегияҳои қабулгардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи рушди Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баргузор гардид.
Зимни вохӯри профессор Иброҳимов Х.И. дар бораи мазмун ва мундариҷаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030, Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2040, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар стратегия, косепсияву барномаҳои давлатӣ ва татбиқи онҳо маълумоти мухтасар доданд.
Номбурда дар қисми минбаъдаи суханронии худ дар бораи Стратегияи рушди Донишгоҳ барои давраи то соли 2030 ва ҳадафҳои он муфассал маълумот доданд. Инчунин дар доираи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар бораи амалҳои коррупсионе, ки дар Донишгоҳ ба вуқуъ пайвастанаш мумкин аст, истода гузаштанд.
Сипас сармутахассиси шуъба н.и.и., дотсент Ҳасанов А.Р. дар бораи амалишавӣ, моҳияти ду стратегияе, ки ба самти молия ва иқтисодиёт дахл доранд, яъне “Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва “Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муфассал истода гузаштанд. Қайд карада шуд, ки Ҳукумати ҶТ ба ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои зерини дарозмуҳлати Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030 пешбинишуда аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад: 1) Ноил шудан ба сатҳи муқоисашавандаи рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои дорои сатҳи миёнаи даромаднокӣ; 2) дастгирии рушди устувор ба воситаи диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ; 3) тавсеа ва таҳкими табақаи миёна; 4) саноатикунонӣ. Инчунин номбурда дар бораи марҳилаҳои иҷрои ин стратегияҳо маълумот доданд.
Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 31-уми декабри соли 2020 тасдиқ гардидааст. Гуфта шуд, ки гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум мавҷудияти шароити муайяни макроиқтисодӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳои зеринро дар БМТ ва берун аз он талаб менамояд: 1)тақвияти механизми трансмиссионии сиёсати пулию қарзӣ бо роҳи такмил ва таъсирбахш намудани сиёсати фоизӣ; 2) таҳкими мустақилияти молиявӣ-амалиётии БМТ ва ҳамоҳангии сиёсати монетарӣ бо сиёсати фискалӣ; 3) пешбурди сиёсати қурбии ба таври муътадил тағйирёбанда ва такмили минбаъдаи фаъолияти бозори дохилии асъор (реҷаи қурби асъори шинокунандаи танзимшаванда); 4) таъмини устувории молиявии низоми бонкӣ; 5) таҳкими иқтидори таҳлилӣ-тадқиқотӣ ва таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ; 6) тақвияти раванди пешниҳоди ахбор ба омма доир ба татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва баланд бардоштани шаффофияти он.
Дар стратегия таъкид карда шудааст, ки баҳри таъмини устувории молиявии низоми бонкии кишвар ва рушди миёнаравии молиявӣ, пурра амалисозии тадбирҳои дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муайяншуда мувофиқи мақсад мебошад, аз ҷумла:
– идома додани ислоҳоти низоми бонкӣ, такмил ва таҳкими идоракунии босамари дороиҳо ва уҳдадориҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, вусъат додани миёнаравии молиявӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти онҳо;
– такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои беҳтар намудани вазъи молиявии низоми бонкӣ ва пурзӯр намудани идоракунии хавфҳо;
– татбиқи рукнҳои муосири бонкдории ба талабот ҷавобгӯ ва ба ин васила ҷалб намудани бештари муштариён тавассути ташвиқу тарғиб ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои бонкӣ;
– ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт.
Дар охир Иброҳимов Х.И. ва Ҳасанов А.Р. ба саволҳои иштирокчиёни вохурӣ ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.
