Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» аз 27 майи соли 2017, таҳти №262 силсилавохӯриҳои раёсати Донишгоҳ бо роҳбарияти корхонаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, инчунин ташкилотҳои қарзӣ доир гардид.
Зимнан масъалаҳои тақсимоти хатмкунандагон бо ҷои кор, ҳамзамон ба шуғл фаро гирифтани донишҷӯёни курсҳои болоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамкориҳои минбаъдаи Донишгоҳ бо корхонаву ташкилотҳо густариш дода мешаванд.
Як зумра донишҷӯдухтарони ихтисосҳои саноати сабук ба корхонаи нассоҷии “Гарди-2015” ҷиҳати бо ҷои кор таъмин гардидан сафарбар гардиданд.
Ҳамчунин масъалаи бо ҷои кор таъмин гардидани хатмкунандагони ихтисосҳои саноати хӯрокворӣ бо ширкати “Мармарӣ” муҳокима гардид, ки дар рӯзҳои наздик хатмкунандагон сафарбар мегарданд.
Намояндагони ҶСП “Алиф Бонк” ҷиҳати ҷалби донишҷӯён-хатмкунандагони ихтисосҳои самти иқтисодӣ ба Донишгоҳ ташриф оварда, аз имкониятҳои ташкилот муаррифӣ намуда, донишҷӯён-хатмкунандагонро ба кор даъват намуданд.
ҶДММ “Гарди-2015”, ҶСП “Алиф Бонк”, ДТТ
01-08.04.2015