ЭЪЛОН!
Идораи равобити хориҷӣ ба диққати донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) мерасонад, ки Донишгоҳи Валладолиди Шоҳигарии Испания дар ҳамкорӣ бо ДТТ дар доираи лоиҳаи мубодилаи академии байналмилалии Эразмус+ KA-171-и Иттиҳоди Аврупо қабули дархостҳоро барои соли таҳсили 2025-2026 ҷиҳати дарёфти стипендия дар зинаи бакалаврият ва магистратура дар Донишгоҳи Валладолид эълон намудааст.
Маълумоти муфассал тавассути истиноди зеррин дастрас аст:
Мӯҳлати ниҳоии дархостҳо 29-уми апрели соли 2025 (бо вақти Испания 23:59) аст.
Барои гирифтани маълумоти бештар ва омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ хоҳишмандон метавонанд ба идораи робитаҳои хориҷии Донишгоҳ тавассути телефони 234-59-27 ва почтаи электронии intertut@90gmail.com муроҷиат намоянд.
Ёдрас менамоем, ки довталабон аз ҳамаи ҳуҷҷатҳои омодагардида бояд як нусхагӣ дар як ҷузвдони алоҳида ба идораи робитаҳои хориҷии Донишгоҳ супоранд.