Дастоварди навбатӣ муборак!
Омӯзгори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Корея бо медал қадрдонӣ шуд.
Аз 22 то 24 майи соли 2025 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъҳои бонувон – KIWIE 2025 баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур беш аз 400 ихтироъ аз 20 кишвари ҷаҳон муаррифӣ гардид.
Дар миёни иштирокчиён омӯзгори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Мадалиева Зарина Васидҷоновна бо ихтирои худ – либоси мактабӣ барои синфҳои ибтидоӣ тариқи маҷозӣ ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Аҳли раёсати Донишгоҳ муаллимаро муборакбод намуда, дар оянда барору муваффақият таманно менамояд.