Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, № 438 тасдиқ гардидааст, имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои устодону донишҷӯён муаррифии платформаи рақамии Efekta оид ба омӯзиши забони англисӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур Сарибекова Асем имкониятҳо ва хусусиятҳои асосии платформаи Efekta-ро муаррифӣ намуда, доир ба имкониятҳои он дар самти фароҳам овардани шароити муосир ва дастрас барои омӯзиши забони англисӣ маълумот пешниҳод кард. Таъкид гардид, ки истифодаи платформаи мазкур ба омӯзандагон имкон медиҳад, ки бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, маводи таълимӣ ва имкониятҳои интерактивӣ сатҳи дониш ва малакаҳои забондонии худро такмил дода, забони англисиро дар муҳити муосири таълимӣ омӯзанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини ректори донишгоҳ Ғаффорзода Ф.М. суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҷорӣ намудани чунин платформаҳои рақамӣ дар раванди таълим қадами муҳим дар самти истифодаи самараноки технологияҳои муосир, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани имкониятҳои нави омӯзишӣ барои устодону донишҷӯён ба ҳисоб меравад.

