Санаи 28-уми майи соли 2025 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ҷалби зиёда аз 40 корхонаю муассиса ва ташкилотҳо намоиши маҳсулот ва ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ барои хатмкунандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилоти Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар доираи чорабинии мазкур бо дарназардошти иштироки шумораи зиёди корхонаю муассиса ва ташкилотҳо аз ҷониби гуруҳи кории лоиҳа мақсаду вазифаҳо, идея ва муҳимияти лоиҳаи OFINU-и барномаи “Эрасмус+”-и Иттиҳоди Аврупо барои системаи таҳсилоти олӣ дар шароити имрӯза тавассути паҳн кардани маводи тарғиботӣ ва доир намудани суҳбату фаҳмондадиҳӣ ба намояндагони ширкатҳои истеҳсолӣ, иштироккунандагон, хатмкунандагон, ва корфармоён муаррифӣ карда шуд.
Лозим ба зикр аст, ки шароити кунунии бозори меҳнат, раванди глобализатсия, ҳамгироӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва воридшавии бесобиқаи технологияҳо ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ барои омодашавӣ ва мутобиқшавии хатмкунандагон талаботи ғайричашмдошро ба миён меоранд, ки дар ин раванд роҳандозӣ намудани консепсияи Донишгоҳи Кушода хеле муфид ва саривақтист. Дар оянда онҳо метавонанд дар асоси реҷаи барои худ муносиб ва қуллай таҳсил ва азхуд намудани малакаҳои касбии лоизимиашонро ба роҳ монанд.
Зимни бархурд ва муаррифии лоиҳа аз ҷониби намояндагони ширкатҳои истеҳсолӣ, иштироккунандагон, хатмкунандагон ва корфармоён нисбати чунин тарзи ташкили раванди таълим ва имконияти хеле мусоид ва дастрас таваҷҷуҳи хоса зиҳир карда шуд.