Дар асоси низомномаи тасдиқгардида дар охири моҳи апрели соли 2026 мусобиқаи футбол байни кормандону омӯзгорони Донишгоҳ барои дарёфти «Ҷоми Ректор» ба роҳ монда шудааст.
Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаёти солим байни кормандон, дар доираи ҷашнгирии 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд, ҷашни «Рӯзи ҷаҳонии Футбол», мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни факултетҳо ва сохторҳои Донишгоҳ ва ҷалби кормандон ба варзиш ва оммавигардонии футбол мебошад.
Тибқи низомнома, дастае, ки ҷойи якумро ишғол менамояд, бо «Ҷоми Ректор», медал, ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешавад. Дастаҳои сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм бо медалҳо, ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Кумитаи иттифоқи касабаи
кормандон ва кафедраи варзиши ДТТ

