ОМӮЗИШИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ МИЁНИ ҶАВОНДУХТАРОН

Санаи 6 – уми майи соли ҷорӣ дар толори Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Фановар” –и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар асоси нақшаи тасдиқгардида чорабинии сиёсӣ оид ба омӯзиши қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак”, ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо мақсади пешгирии зуроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, бегонапарастӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва ҷалби ҷавондухтарон ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид.
Дар кори чорабинӣ сардори идораи корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Бобизода Г.Ш., мудири шӯъбаи кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Баҳронова Х.А., Каримзода Рухшона – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Юнусова Рухшона Сироҷовна – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Азимзода Дилноза – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Бобозода Дилбар – муовини раиси комиссияи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Амири Гулхумор – аъзои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ин раванд қайд гардид, ки имрӯз дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи занону бонувон нақши калидӣ дошта, занон баробари мардон дар тамоми соҳаҳои муҳими давлатдорӣ кору фаъолият дошта дар рушди давлатдорӣ саҳми назаррас доранд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки имрӯз саҳми занону бонувон дар риояи қонунҳои миллӣ ва эҳёи анъана ва суннатҳои миллӣ чашмрас буда ин раванд бояд боз ҳам идома ёбад.

Leave a Reply