Имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни дохилидонишгоҳии таҳти унвонҳои «Ихтироъкори ҷавон» ва «Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯӣ» бо иштироки васеи устодону донишҷӯён ва меҳмонон аз вазорату идораҳо баргузор гардид. Чорабинӣ ҳамзамон ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва Ҳафтаи илм бахшида шуда, бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ оғоз ёфт. Зимни баромади худ ректор таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳони босуръати тағйирёбанда рушди ихтироъкорӣ ва инноватсия омили асосии пешрафти иқтисоди миллӣ буда, маҳз зеҳн, дониш ва тафаккури эҷодӣ сарвати воқеии миллат маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, қайд гардид, ки донишгоҳ ҳамчун маркази тавлиди идеяҳои нав, муҳити мусоиди рушди стартапҳо ва парвариши ихтироъкорони ҷавонро фароҳам оварда, дар солҳои охир ба дастовардҳои назаррас, аз ҷумла ба даст овардани 26 патент ва татбиқи даҳҳо лоиҳаҳои илмӣ ноил гардидааст.
Зикр шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва барномаҳои табодули академӣ, аз ҷумла Erasmus+, донишҷӯён ва омӯзгорон имкони такмили дониш ва таҷрибаомӯзиро дар донишгоҳҳои пешрафтаи Аврупо пайдо намудаанд. Илова бар ин, иштироки фаъоли донишҷӯён дар чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Фестивали «100 навоварони ояндаи Созмони ҳамкории Шанхай», нишонаи рушду ташаккули неруи зеҳнии ҷавонон арзёбӣ гардид. Зоир Файзалӣ ҳамчунин ба масъалаҳои рушди инфрасохтори илмӣ, дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо бахши саноат ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Дар идомаи чорабинӣ меҳмонони даъватшуда низ андешаҳои худро иброз доштанд. Давлатов Раҳмоналӣ – сармутахассиси шуъбаи муассисаҳои илмӣ-таълимии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баромади худ аҳамияти пайваст намудани илм бо истеҳсолот ва нақши донишгоҳҳоро дар рушди технологияҳои муосир муҳим арзёбӣ намуда, саҳми ҷавононро дар пешбурди соҳаи саноат калидӣ номид.
Раҳмонзода Аҳмадҷон – сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид кард, ки баргузории чунин озмунҳо барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон, рушди фарҳанги таҳқиқотӣ ва ташаккули тафаккури инноватсионӣ заминаи мусоид фароҳам меорад ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад.
Назаров Баҳодур – сармутахассиси раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатии Маркази миллии патенту иттилоот, дар баромади худ ба масъалаҳои ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва аҳамияти патенткунонии ихтироот таваҷҷуҳ намуда, донишҷӯёнро ба пешниҳоди лоиҳаҳои амалии дорои арзиши истеҳсолӣ ва бозорӣ ҳидоят кард.
Дар идома устодони донишгоҳ Икроми Мухаббат Бобоевна ва Ҳақёров Ибодулло Зувайдуллоевич ҳамчун аъзои комиссияи ташхисӣ барои саҳми босазо гузоштан дар омодагӣ ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Сипас, ҳайати раёсати Донишгоҳ ва меҳмонон аз ихтироъ ва навовариҳои донишҷӯён ва хонандагони Литсеӣ инноватсионии “Душанбе” –и назди донишгоҳ дидан намуданд.
Баъд аз фарҷоми чорабинӣ ҳайати комиссия барои баҳогузории ихтироъ ва навовариҳо шурӯъ намуд, ки беҳтаринҳо дар рӯзҳои наздик эълон гардида, бо мукофотпӯлиҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Чорабинӣ дар фазои илмӣ ва созанда баргузор гардида, бори дигар собит намуд, ки ҷавонони ихтироъкор ва навовар неруи пешбарандаи рушди устувори кишвар мебошанд.

