МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “ОИЛА ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ОИЛАДОРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР”

Санаи 8.04.2025 тибқи нақшаи чорабинии бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо бахши занони КИ Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавӣ дар Донишгоҳ мизи мудаввар доир ба мавзуи «ОИЛА ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ОИЛАДОРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР» бо иштироки муовини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Раҳматуллозода Мавзуна, намояндаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ Аҳмадбекзода Фирӯза, мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавӣ Азимзода Дилноза, муовни ректор оид ба илм ва татбиқот Яминзода Зарина Акрам, сардори идораи ташкилию тарбиявӣ Бобизода Гулшан Шералӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Аблуллаева Мақсудахон, мудири шуъбаи кор бо занон ва духтарони Донишгоҳ Баҳронова Хушнуда ва зиёда аз 70-нафар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкурро сардори идораи ташкилию тарбиявӣ Бобизода Г.Ш. оғоз карда, ҳузури меҳмононро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфт.
Сипас, муовини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Раҳматуллозода М. дар бобати одоби оиладорӣ сухан ронда қайд намуд, ки самимияту вафодорӣ, муҳаббату садоқат ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ, ки аз љумлаи беҳтарин арзишҳои инсонӣ маҳсуб меёбанд, маҳз дар доираи оила ташаккул ёфтаанд. Воқеан ҳам, рукни асосии љомеа аз оила сарчашма мегирад. Љомеа замоне обод мешавад, ки агар оила солиму тифоқ ва бо муҳаббат поягузорӣ шуда бошад.
Инчунини намояндаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ Аҳмадбекзода Ф. дар бобати барпо намудани оила ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон маълумот дода қайд намуд, ки вақте марду зан барои худ ҳамсафари ҳаётиашонро интихоб менамоянд, сарнавиштеро ба уҳда мегиранд. Ҳангоме масъулият бар зиммаашон вогузор мешавад, ки салоҳияти анљом додани онро низ бояд ба субот расонанд. Мустаҳкамии оила низ замоне ба вуқӯъ мепайвандад, ки ҳар узви оила вазифаҳои ба уҳдадоштаашро сари вақт иљро намояд. Вале, вазифаи аввалиндараљаи зану шавҳар пеш аз ҳама, дуруст намудани рафтору кирдор ва гуфторашон дар назди фарзандон аст.
Номзади илмҳои техникӣ, дотсент Аблуллаева Мақсудахон бобати пойдор мондани оила сухан ронда қайд намуданд, ки пеш аз ҳама, якдигарфаҳмӣ ва маросои хуб миёни зану шавҳар аст. Қабл аз ҳама миёни онҳо набояд «ман» бошад, балки дар якљоягӣ бо маслиҳати ҳамдигар мушкил ва ё камбудиеро бартараф созанд. Ва ё вақте ки норасоиеро дар якдигар мебинанд, набояд бо љангу љидол, балки бо сухани хуб фаҳмонда, ба думболи ислоҳи он камар бубанданд. Якдигарфаҳмӣ дар сурате пайдо мегардад, ки дар оила меҳру муҳаббат ва эҳтиром нисбат ба ҳамдигар ҷой дошта бошад. Дар сурати зайл, оила метавонад солиму побарљо бимонад.
Дар фарҷом муовни ректор оид ба илм ва татбиқот Яминзода Зарина Акрам, ҷиҳати пойдор нигоҳ доштани расму оин, ҳифз намудани арзишҳои миллӣ, сарфаю сарриштакорӣ дар зиндагӣ тақлид накардан ба бегонапарастӣ ва дигар масъалаҳо вобата ба маърифати оиладорӣ сухан намуда, ба ҳозирин саломатии комил, пойдории оилаи солим, зиндагии босаодат ва сулҳи пойдору осумони софу беғубор дар кишварро таманно намуд.