ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ “IT – PARK DUSHANBE”

Аз 7 то 10 апрел дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Дар доираи он имрӯз дар IT Park-и шаҳри Душанбе Форуми ҷавонону наврасони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бо иштироки зиёда аз 230 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт баргузор гардид.
Дар формуи мазкур донишҷӯёни самти ТИ ва зеҳни сунъии Донишгоҳ иштирок намуданд. Қайд кардан ба маривд аст, ки зимни ифтитоҳи “IT – PARK DUSHANBE” санаи 7 апрел низ донишҷӯёни Донишгоҳ бо дастовардҳои инноватсионии худ, бо муаррифии роботҳо ва дронҳои таълимӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Форуми ҷавонону наврасони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар доираи ин ҳафта доир шуда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон ва дарёфту муаррифии истеъдодҳои нав дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.
Форум ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки донишу малакаҳои худро дар риштаҳои гуногуни технология ва инноватсия муаррифӣ намоянд.
Дар доираи форум иштирокчиён лоиҳаҳои худро аз рӯи номинатсияҳои «Барномасозӣ», «Зеҳни сунъӣ», «Робототехника», «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ва «Бозори электронӣ ва тиҷорати рақамӣ» муаррифӣ намуданд.
IT – Парки шаҳри Душанбе,
09.04.2025