КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА КАФИЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

«Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд».

Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсия дар ҳаёти ҳар як давлату миллат ҷойгоҳи махсус дошта, асоси низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҷомеа ба шумор меравад. Он на танҳо санади муҳими ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари ормонҳои миллӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва роҳи пешрафти давлат мебошад. Барои мардуми Тоҷикистон қабули Конститутсия дар давраи соҳибистиқлолӣ рӯйдоди бузурги таърихӣ ба ҳисоб рафта, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва муайян намудани самти рушди минбаъдаи кишвар нақши муҳим бозид.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихӣ ворид гардид. Дар назди давлат вазифаҳои муҳиме, аз ҷумла бунёди низоми нави идоракунӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва муайян намудани самтҳои рушди ҷомеа қарор доштанд. Дар чунин шароит зарурати қабули Конститутсияи нав, ки ба воқеияти давлати соҳибистиқлол мувофиқ бошад, бештар эҳсос мегардид.

Бо вуҷуди мушкилоти сиёсиву иҷтимоии он солҳо, раванди таҳияи Қонуни асосӣ идома ёфт. Пас аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ташаккули низоми нави давлатдорӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам омаданд. Дар ин раванд саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки роҳбарии Комиссияи конститутсиониро ба уҳда дошт, назаррас буд. Ба масъалаи таҳияи Конститутсия бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои миллии тоҷикон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид.

Ниҳоят, 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳим ба вуқӯъ пайваст: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин воқеа далели муҳими иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар муайян намудани асосҳои давлатдорӣ буд. Қабули Конститутсия барои ташаккули низоми ҳуқуқии кишвар, таҳкими истиқлолият ва муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон заминаи устувор гузошт.

Аҳаммияти Конститутсия дар он аст, ки он асосҳои сохтори давлат, тартиби фаъолияти мақомоти ҳокимият ва муносибатҳои байни давлату шаҳрвандро муайян мекунад. Маҳз дар ин санади муҳим принсипҳои асосии давлатдории Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, демократия, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявият ифода ёфтаанд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ мебошад. Ин меъёр таъкид мекунад, ки давлат ва мақомоти он бояд фаъолияти худро дар доираи қонун ба роҳ монда, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро эҳтиром ва ҳифз намоянд. Ҳуқуқ ба зиндагӣ, таҳсил, меҳнат, озодии сухан ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар мавқеи муҳим доранд.

Конститутсия ҳамчунин барои фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ замина фароҳам меорад. Мутобиқи он, ҳокимияти давлатӣ ба се шоха – қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо мешавад. Маҷлиси Олӣ фаъолияти қонунгузориро амалӣ менамояд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Ҳукумат дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои ҳокимияти иҷроияро иҷро мекунанд ва мақомоти судӣ адолати судиро таъмин менамоянд. Ҳар яке аз ин шохаҳо дорои ваколатҳои муайян буда, ҳамкории онҳо дар асоси қонун сурат мегирад.

Чунин тарзи ташкили ҳокимият барои муайян намудани масъулияти мақомоти давлатӣ ва таъмини фаъолияти муназзами низоми идоракунӣ аҳаммияти калон дорад. Ҳамзамон, Конститутсия халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, иштироки шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат муҳим мешуморад.

Ҳаёти ҷомеа пайваста тағйир меёбад ва бо пешрафти муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарурати такмили низоми қонунгузорӣ ба миён меояд. Конститутсия низ бо нигоҳ доштани принсипҳои бунёдии худ метавонад мутобиқи талаботи замон такмил дода шавад.

Бо мақсади такмили сохтори давлатдорӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ ба шароити нав, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1999, 2003 ва 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Тағйиру иловаҳои соли 1999 барои ташаккули парламенти думаҷлиса замина гузоштанд. Дар натиҷа, Маҷлиси Олӣ аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат гардид. Ин иқдом ба рушди фаъолияти касбии парламент ва такмили раванди қонунгузорӣ мусоидат намуд.

Тағйиру иловаҳои солҳои 2003 ва 2016 низ ба такмили низоми конститутсионӣ ва мутобиқ намудани он ба талаботи замон равона гардиданд. Ин раванд нишон медиҳад, ки Конститутсия дар баробари ҳифзи арзишҳои асосии давлатдорӣ бояд ба тағйироти ҷомеа ҷавобгӯ бошад. Албатта, ҳар гуна тағйирот бояд дар доираи тартиби муқаррарнамудаи қонун ва бо дарназардошти манфиатҳои ҷомеа амалӣ карда шавад.

Арзиши Конститутсия танҳо бо қабули он ё мавҷудияти меъёрҳои ҳуқуқӣ маҳдуд намешавад. Муҳим он аст, ки ҳар як шаҳрванд мазмуну моҳияти ин санадро дарк намуда, дар зиндагии ҳаррӯза ба талаботи қонун эҳтиром гузорад. Ҷомеае, ки дар он шаҳрвандон ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонанд, ба қонун эҳтиром доранд ва манфиатҳои ҷамъиятиро қадр мекунанд, барои рушди устувор имкониятҳои бештар пайдо менамояд.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус ҷавонон, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир мебошад. Ҷавонон бояд донанд, ки ҳуқуқ ва озодиҳо бо масъулият пайванди ногусастанӣ доранд. Эҳтироми ҳуқуқи дигарон, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, муносибати масъулона ба таҳсилу меҳнат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз ҷумлаи нишонаҳои фарҳанги баланди ҳуқуқӣ мебошанд.

Дар ин замина, оила, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигар ниҳодҳои ҷомеа метавонанд дар тарбияи шаҳрвандони ҳуқуқдон ва масъулиятшинос саҳми арзанда гузоранд. Зеро эҳтиром ба Конститутсия пеш аз ҳама аз донистани он ва риояи меъёрҳои дар он муқарраргардида оғоз меёбад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории миллӣ мақоми хосса дошта, барои таҳкими истиқлолият, ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва муайян намудани самтҳои рушди ҷомеа заминаи муҳим фароҳам овардааст. Ин санади сарнавиштсоз таҷассумгари ормонҳои давлати соҳибистиқлол ва кафили асосии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.

Ҳифз ва эҳтироми Конститутсия вазифаи танҳо мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳар қадар сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа баланд бошад ва мардум ба қонун эҳтиром гузоранд, ҳамон қадар барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти кишвар шароити мусоид фароҳам меояд.

Пас, Конститутсияро метавон на танҳо Қонуни асосии давлат, балки роҳнамои зиндагии осоишта, ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагии ҷомеа арзёбӣ кард. Эҳтиром ба он эҳтиром ба давлат, миллат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.

Бигзор Тоҷикистони маҳбуби мо ҳамеша ободу озод, соҳибистиқлолу сарбаланд ва хонаи умеду саодати ҳар як тоҷикистонӣ бошад!

Ғаффорзода Фирӯз Муҳриддин, муовини ректори ДТТ оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply