Санаи 14-уми ноябри соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанҳои «Ҳуқуқи конститутсионӣ» ва «Ҳуқуқи инсон» баргузор гардид. Озмуни мазкур дар фазои шаффов ва беғараз доир гардида, дар он донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ин сабқати зеҳнӣ донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Иззатов Муҳаммад аз фанни «Ҳуқуқи инсон» иштироки фаъолона намуда, донишу маҳорати баланди ҳуқуқии худро нишон дод ва сазовори дипломи ҷойи дуюм ва маблағи 2000 сомонӣ гардид.
Ин дастоварди назаррасро ба Иззатов Муҳаммад, аҳли раёсат, устодон ва кулли ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ табрик гуфта, барояш комёбиҳои нав ба навро таманно дорем.


