РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ДОИР ГАРДИД

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 14 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва рушди кишвар» дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, собиқадорони хизмати давлатӣ – собиқ Прокурори генералии ҶТ муҳтарам Шерхон Салимзода ва  собиқ раиси Суди конститутсионии ҶТ муҳтарам Маҳкам Маҳмудзода, прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, мушовири адлияи дараҷаи якум Абдуқодирзода Фаррух Комил, собиқ ректори донишгоҳ Шоҳиён Нуралӣ Набот, ҳайати роҳбарият, устодону донишҷӯёни иштирок намуданд.

Нахуст, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ меҳмонони чорабинӣ ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, доир ба аҳаммияти таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон бо сухани ифтитоҳӣ ибрози андеша намуданд.

Зикр гардид, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд зимни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин рӯйдоди таърихӣ дар марҳилаи ҳассоси давлатдорӣ барои муайян намудани самти минбаъдаи рушди сиёсиву иҷтимоии кишвар, раванди барқарории сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ заминаи муҳим гузошт.
Хушбахтона, ин равандро таърихи навини давлатдории миллии тоҷикон дар симо ва шахсияти Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намуд, зеро маҳз ин шахсияти бузурги таърихӣ қодир гардид, ки халқи моро дар мушкилтарин масъалаҳои печидаву мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум шуълаи умед ба ояндаи дурахшону босаодат ва зиндагии шоистаро ба таври бебозгашт фурӯзон нигоҳ дорад.

Собиқадори хизмати давлатӣ, собиқ раиси Суди конститутсионии ҶТ муҳтарам Маҳмудзода Маҳкам Аъзам дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими асосҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии давлат» бо далелҳои ҷолиб суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, зикр намуданд, ки тибқи назари коршиносону сиёсатшиносон, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳаммияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихороти ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин аст.

Сипас, собиқадори хизмати давлатӣ, собиқ Прокурори генералии ҶТ муҳтарам Салимзода Шерхон Одина дар мавзӯи “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва сохти конститутсионӣ” бо таҳлилҳои асоснок баромад намуданд. Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар шароити муосир ва зудтаѓйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон дар ҳамон шабу рӯз ҳар як қавму миллат ба зуҳури шахсияти сиёсӣ ва худфидо дар роҳи Ватан беш аз пештар ниёз дошт. Зеро таърихи аксари кишварҳои ҷаҳон собит намудааст, ки ташаккули лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофёфтаи давлатӣ як зарурати асосии марҳалаи эҳё ва барқарории давлатҳо буда, зуҳури он тақдири тамоми таърихи минбаъдаи давлатҳо ва миллатҳоро муайян мекунад.

Зимни баромадҳои худ прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, мушовири адлияи дараҷаи якум Абдуқодирзода Фаррух Комил ва собиқ ректори донишгоҳ Шоҳиён Нуралӣ Набот низ қайд карданд, ки таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо арҷгузорӣ ба яке аз санаҳои муҳими тақвими давлатӣ, балки фурсати муносиб барои омӯзиши таърихи навини кишвар, таҳлили марҳилаҳои давлатсозӣ ва дарки арзиши сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Гиромидошти ин санаҳои таърихӣ ва изҳори ватандӯстӣ танҳо ифтихор аз гузашта нест. Он пеш аз ҳама дар муносибати масъулона ба имрӯз ва саҳми созанда дар ояндаи кишвар зоҳир мегардад. Мо, бояд ба насли ҷавону ояндасоз роҳнамоӣ намоем, ки ҳифзи арзишҳои истиқлолият арзиши бузурги таърихӣ ва масъулияти ҳаррӯза аст. Ҳифзи он аз маърифати ҳуқуқӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ, худшиносии миллӣ ва омодагии касбии шаҳрвандон вобаста мебошад, -қайд карданд зимни баромадҳо.

Дар идомаи кори конференсия ба як қатор кормандон барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, нақши арзанда дар самти таълиму тарбия ва ташаккули насли ҷавону ояндасоз бо унвон ва нишони сарисинагии Корманди ифтихории Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали 35 солагӣ ва Ифтихорномаи ДТТ, ба ѓолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон  Ватани азизи ман” бо мукофотпулии яквақта сарфароз гардонида шудаанд. Инчунин, ба ду нафар омӯзгороне, ки рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя карда, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Дар охир аз ҷониби ансабли тарона ва рақси “Зуҳал“-и донишгоҳ чорабинии рангину хотирмони фарҳангӣ доир гардид.

 

Leave a Reply