Дар замони муосир татбиқ ва истифодаи технологияҳои иттилоотиву комуникатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ афзалият пайдо намуд, пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҳар кишвар аз онҳо сахт вобастагӣ дорад. Ҳаминро ба инобат гирифта, тайи солиёни ахир ба ташаббуси Ҳукумати кишвар корҳои зиёде доир ба истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ гузаронида шуда истодааст. Дар асоси ин, масъалаҳои асосии коркарди принсипҳо ва тарзҳои умумии истифодабарии компютерҳо барои таҳлилу коркарди маълумотҳои оммавӣ истифода бурда мешаванд.
Инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар шароити бозор дигаргуниҳои васеи тамоми механизми хоҷагидориро талаб менамояд. Муносибатҳои нави иқтисодӣ маҷбур месозанд, ки усулҳои идоракунии мавҷудбуда, бо усулҳои навтару самаранок иваз карда шаванд. Иқтисодиёти бозоргонӣ, пайдошавии шаклҳои нави корхонаҳо, вусъатёбии робитаҳои дохиливу берунии корхонаҳо ба афзоиши селобҳои иттилоотӣ меорад. Дар ин шароитҳо ба тамом ҳувайдо мегардад, ки ба захираҳои маъмули моддӣ, меҳнатӣ, энергетикӣ ва молиявӣ боз як намуди дигари захира, яъне захираи иттилоотӣ илова гаштааст. Дар асоси захираҳои иттилоотии саҳеҳ, муътамад ва саривақтӣ идораи оқилонаи объекту равандҳои иқтисодӣ таъмин мегардад.
Истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар низоми идоракунӣ имкон медиҳад, ки мушкилоти муҳим, аз қабили маҳсулнокии паст ва омилҳои коррупсиониро бартараф созад.
Рақамикунонӣ воситаи муҳими мубориза бо коррупсия маҳсуб мешавад. Пешрафтҳои муосири технологӣ имкон медиҳанд, ки стратегияи мубориза бо коррупсия тавассути баланд бардоштани шаффофият ва дастрасии иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳкими эътимод ба амали мақомот ва таъмини ростқавлӣ ва поквиҷдонӣ дар бахши давлатӣ, ки тавассути таҳкими волоияти қонун ва ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон ба раванди қабули қарорҳо ба даст оварда мешавад, такмил дода шавад. Технологияҳои рақамӣ иқтидори баланд бардоштани самаранокии чораҳои зиддикоррупсионӣ ва эҷоди муносибатҳои наверо доранд, ки барои аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ мусоидат хоҳад кард.
Барои фаъолияти босамар ва бенуқсон дар тамоми соҳаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул намуда истодааст, ки ҳамаи он барои беҳбудӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ равона карда шудааст. Аз ҷумла дар ин самт то ҳол корҳои зерин анҷом дода шудаанд:
- Қабули Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 таҳти №643 тасдиқ шудааст, яке аз тадбирҳои муҳим дар ин самт маҳсуб аст. Мақсади асосии ва ниҳоии консепсияи мазкур аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи сифат ва дастрас будани хизматҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо расонида мешаванд, иборат аст. Бояд тазаккур дод, ки он мақсадҳои дар консепсия гузошташуда, барои таъмини шаффофияти кор самараи хуб гузошта, омилҳои субъективӣ ва инсониро, ки ба афзоиши коррупсия имкон фароҳам меоварданд, то андозае коҳиш дод.
- Қабули Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 ба тавсиб расид, иқдоми дигаре дар ин самт ба ҳисоб меравад. Консепсияи мазкур гузариши муттаасили марҳила ба марҳиларо барои амалисозии дурнамои табодули рақамӣ дар ҷумҳурӣ пешбинӣ намуда аз се марҳилаи асосӣ: марҳилаи якум то соли 2025; марҳилаи дуюм то соли 2030 ва марҳилаи сеюм то соли 2040 иборат мебошад. Бояд тазаккур дод, ки мақсади ниҳоии консепсияи мазкур барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, ноил гардидан ба ҳадафҳои асосӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табодули он ба кишвари транзитӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави иқтисоди рақамӣ қарор дошта, тадбирҳои муассирро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт дар соҳаҳои гуногуни кишвар бароҳ монда, солҳои охир ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст, ки рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳнат, муҳоҷират, маорифу илм ва ғ. Воқеан тамоми он дастурҳое, ки баҳри дар амал татбиқ намудан гузошта шудааст, барои расидан ба мақсадҳо саҳми беандоза хоҳад гузошт.
- Санаи 22 июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» таҳти №586 ба имзо расид, тадбири дигари муҳиме дар ин самт ба ҳисоб меравад. Қобили қайд аст аст, ки иқдоми мазкур саривақтӣ буда, пеш аз ҳама барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои беҳтар гардонидани сатҳ ва сифати зиндагонӣ шароити хуб фароҳам меорад. Гузариш ба низоми мазкур талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро барои гузаронидани амалиётҳои молиявӣ аз байн мебарад. Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳаммияти муҳими иқтисодӣ дошта, таъсири омилҳои инсониро аз байн мебарад. Мисол ҳангоми пардохти хизматрасониҳои давлатӣ вақти ками худро сарфа менамоем, агар нисбат ба 5-сол пеш қиёс кунем мебинем, ки дар ин самт чи гуна дастоварҳоро соҳиб гаштем, ки ин ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози иҷтимоӣ барои мардуми кишварамон муносиб аст. Бояд тазаккур дод, ки гузаронидани тамоми ин амалиётҳо тавассути технологияи рақамӣ сурат мегирад.
Ҳамин тариқ метавон хулоса баровард, ки рақамикунонии фаъолияти соҳаҳои гуногуни кишвар шаффофияти корро таъмин намуда, омилҳои коррупсиониро аз байн мебарад, ки ин асоси пешрафт ва тараққиёт мебошад.
Декани факултети технологияҳои иттилоотӣ ва интеллекти сунъӣ Донишгоҳи технологии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Нусратзода М.Н.