ИНТИХОБИ ДУРУСТИ КАСБ – ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Имрӯз тибқи супориши ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. муовинони ректор Шарифзода И.У. ва Ғафоров Ф.М. бо хатмкунандагони “Литсеӣ инноватсионии Душанбе” –и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба интихоби дурусти касб ва имкониятҳои Донишгоҳ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 1990 таъсис ёфта, аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистон барои соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар – саноати сабук ва хӯрокворӣ мутахассисони маълумоти олӣ доштаро, ки то даврони Истиқлолият дар хориҷи кишвар тайёр карда мешуданд, таъмин намуд. Дар тӯли фаъолият барои соҳаҳои гуногуни хољагии халқи кишвар зиёда аз 18000 нафар мутахассисони рақобатпазирро тайёр намудааст ва ҳоло онҳо дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар фаъолият бурда истодаанд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ васеъ буда, бо 140 таълимгохҳои олии хориҷи кишвар ҳамкорӣ дорад. Мутахассисон аз хориҷи кишвар даъват карда шуда аз фанҳои тахассусӣ ба донишҷӯён дарс медиҳанд. Хар сол дар доираи барномаҳои байналмилалии ЭРАСМУС+, GIZ соҳиби чандин грантҳо мегардад, ки онҳо ба кормандон ва донишҷӯён барои дар хориҷи кишвар таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ намудан имкониятҳои васеъро фароҳам меоваранд. Дар назди Донишгоҳ фаъолият намудани Маркази муштараки Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯён забонҳои муосири барномасозиро аз худ намуда, тарзи барномарезии кори роботҳо ва савораҳои беодамро аз худ намоянд. Дар маркази мазкур се нафар устодони варзида аз Кореяи Ҷанубӣ дарс меомӯзонанд.
Дар Донишгоҳ ҳамасола озмунҳои “Ихтироъкори ҷавон” ва “Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯӣ” ва қадрдонии ғолибон бо мукофотпулиҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ баргузор мегарданд.
Дар назди кафедраҳои тахассусӣ зиёда аз 20 маҳфилҳои илмӣ-инноватсионӣ фаъолият менамоянд, ки барои баланд бардоштани маҳорату малакаи донишҷӯён мусоидат менамояд.
Роҳбарияти Донишгоҳ дар интиҳои вохӯрӣ ба саволҳои хамткунандагон посух дода, дар интихоби Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва касби оянда барору комёбӣ таманно намуданд.
ДТТ, 09.04.2025