ИДОМАИ СИЛСИЛАВОХӮРИҲО ҶИҲАТИ ОМӮЗИШИ СТРАТЕГИЯҲО ВА БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ

Санаи 09.04.2025 ҷиҳати омӯзиши стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ бо омӯзгорон, донишҷӯён ва садорати факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Сардори шуъбаи татбиқи стратегияҳо д.и.т., профессор Иброгимов Х.И. дар бораи мазмун ва мундариҷаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030, Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар стратегия, консепсияву барномаҳои давлатӣ ва татбиқи онҳо маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Диққати махсус ба “Стратегияи рушди ДТТ барои давраи то соли 2030” ва ба натиҷаҳое, ки дар доираи стратегияи қабулшуда ноил шудан лозим аст, дода шуд.
Ҳамзамон оид ба “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №483 тасдиқ шудааст, маълумот пешниҳод гардид.
Инчунин, дар доираи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муфассал маълумот дода шуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки яке аз роҳҳои пешгирӣ намудани коррупсия дар раванди таълим – ин пеш аз ҳама иштироки пурраи донишҷӯён ба машғулиятҳо, дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро намудан ва супоридани супоришҳои хонагӣ, семестрӣ, корҳои курсӣ, таҳияи ҳисоботҳои таҷрибаомӯзӣ ва иҷроиши босифати корҳои тахассусии хатм мебошад. Омӯзгорон бошанд, барои баланд бардоштани даромаднокии иловагӣ имконияти таҳияи лоиҳаҳои фармоиширо, ки аз буҷаи давлат маблағгузорӣ карда мешаванд, доранд.
Дар охир ҳайати васеъи омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет аз натиҷаи вохӯрӣ қаноатманд будани худро изҳор намуданд.