Хабарҳо

Category

Аҳли коллективи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз хушхабари дар номинаи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ»-и озмуни ҷумҳуриявии «Илм фуруғи маърифат», сазовори мақоми дуюм гардидани устоди донишгоҳ, сардори бахши мубодилаи академии донишҷӯён ва омӯзгорон Назаров Шуҳратҷон Абдуғуломович хело шод гардиданд. Ин дастоварди арзишмандро метавон самараи андешаи созанда ва талошҳои пайгиронаи ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ муҳтарам Раҳмонзода...
Read More
22.10.2026 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии Раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни соли аввали факултети технология ва дизайн баргузор гардид. Ҳадафи асосии вохӯрӣ шинос намудани донишҷӯёни соли аввали факултет бо низоми таълим, қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, арзишҳои миллӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва масъулияти донишҷӯӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсии онҳо буд. Дар оғози...
Read More
Дар асоси дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ва вохӯрӣ дар Рӯзи Дониш ва дарси сулҳ санаи 20.10.2026 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ вохӯрии раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни соли аввали таҳсил дар факултети менеҷмент ва...
Read More
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, ғолиби Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-360701В-и факултети муштараки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Полотск Аҳмадов Нуруллоро, ки дар вазни 60 кг-и чемпионат ҳунарнамоӣ намуда, соҳиби ҷойи дуюм ва медали нуқраи мусобиқа гардид, ба ҳузур пазируфт....
Read More
17–18 октябри соли 2026 дар Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб даври ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, беҳтарин варзишгарони кишварро дар ҳафт вазн (то 60, 66, 73, 81, 90, 100 ва +100) ба ҳам овард. Яке аз чеҳраҳои дурахшон ва кашфиёти асосии ин мусобиқаи бонуфузи тақвими варзишии...
Read More
17.10.2026 бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ иҷро намудани дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Волонтёрони экологӣ»-и Донишгохи технологии Точикистон дар шоҳроҳи Душанбе–Бохтар ва кӯчаи «Соҳилӣ»-и ноҳияи Фирдавсӣ Аксияи экологӣ таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» баргузор гардид. Аҳли кормандон ва донишҷўёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо роҳнамоии ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ...
Read More
16.10.2026 дар хобгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо дар доираи ҳамкориҳо бо роҳнамоиҳои ректори донишгоҳ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ва иштироки намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни истиқоматкунанда вохӯрии судманду хотирмон баргузор гардид. Ҳадафи асосии вохӯрӣ шарҳу тавзеҳи масъалаҳои марбут ба татбиқи босамари Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли...
Read More
16 октябри соли равон дар ҷамъбасти 9-моҳаи мушовари Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнати сазовор, саҳмгузорӣ дар пешрафти фаъолияти муассиса, таълиму тарбияи назарраси насли ҷавону ояндасоз, омода кардани мутахассисони соҳаи саноати кишвар, ноил шудан ба дастовардҳо ва натиҷаҳои самарабахши фаъолияти меҳнатӣ, иштироки фаъолона дар тантанаҳои ҷашни фархундаи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ бо...
Read More
14 октябри соли 2026 дар Маҷмааи варзишии «Яккачинор»-и шаҳри Душанбе даври шаҳрии Ҷемпионати ҷумҳурӣ оид ба гуштини ҷудо миёни ҷавонон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он муҳассили Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ), донишҷӯи курси дуюми факултети муштараки ДТТ ва Донишгоҳи давлатии Полотск Нурулло Аҳмадов рақобати шадид нишон дод. Ӯ дар вазни 60...
Read More
10 октябри соли 2026 донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зимни машқи пагоҳирӯзии солимгардонӣ, ки дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд. Чорабинии зикршуда дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Миллати ҷисман солим — рӯҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир...
Read More
1 2 3 4 … 26