Вохӯрӣ бо намояндагони ҶСК «Алиф бонк»

5 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии судманд бо намояндагони ҶСК «Алиф бонк» баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни курси 4-уми факултетҳои «Иқтисод ва молия» ва «Менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ» иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ арзёбии дониш, қобилият ва омодагии касбии хатмкунандагон, муаррифии фаъолияти бонк ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба се самти асосии фаъолияти он буд.

Дар оғоз намояндагони ҶСК «Алиф бонк» оид ба талаботи касбӣ, вазифаҳои хизматӣ ва имкониятҳои кор дар бахшҳои “Самти кор бо қарзҳои мушкилситон”, “Самти хизматрасонии фосилавӣ ба мизоҷон” ва “Самти пешниҳоди кортҳои пардохтӣ” маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

Ҳамзамон, барои донишҷӯён аз рӯйи ҳар се самти зикршуда мастер-классҳои соҳавӣ гузаронида шуданд. Дар ҷараёни онҳо мутахассисони бонк хусусиятҳои фаъолият, равандҳои корӣ ва малакаҳои заруриро шарҳ доданд. Донишҷӯён тавассути машғулиятҳо имкон пайдо карданд, ки бо ҷанбаъҳои амалии соҳаи бонкдорӣ аз наздик шинос шаванд.

Қисмати амалии чорабинӣ дар Маркази коворкинги ДТТ идома ёфт. Дар ин ҷо бо донишҷӯёни хоҳишманд санҷишҳои тестӣ, суҳбат ва мусоҳибаҳои инфиродии корӣ гузаронида шуданд. Намояндагони бонк бо мақсади интихоби номзадҳои мувофиқ барои ишғоли ҷойҳои кори холӣ маҳорати касбии ҷавононро санҷиданд.

Дар фарҷом ба донишҷӯёне, ки дар рафти чорабинӣ ва мастер-классҳо фаъолона иштирок карда, донишу завқи баланди касбӣ нишон доданд, аз ҷониби ҶСК «Алиф бонк» туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки чорабинии муҳимму муштарак дар таҳкими робитаҳои донишгоҳ бо бахши бонкӣ, баланд бардоштани омодагии касбии донишҷӯён, фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғл ва ҷалби мутахассисони болаёқат ба соҳаи молия нақши арзанда хоҳад гузошт.

Ёдовар мешавем, ки аз оғози соли нави хониш чунин вохӯриҳо бо намояндагони  ҶДММ «АГ Менеҷмент», ҶДММ ТАҚХ «Фурӯз» ва ҶДММ «Эскимо Мастер» низ гузаронида шуданд.

Leave a Reply