Хабарҳо

Category

4.11.2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Конститутсия – роҳнамои фардои босаодат» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Табрикоти ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бахшида ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсия – кафили соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, волоияти қонун ва рушди устувори давлат» аз ҷониби муовини аввали ректор Насриддинзода М....
Read More
   Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва дигар кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруфӣ Расулҷон Нурмуҳаммад нисбат ба даргузашти бармаҳал ва нобаҳангоми ҳамсарашон – дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва идораи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон    Мирзоҷонзода Насиба Мирҷоновна сахт андӯҳгин буда,  ба ӯ ва наздикону пайвандонаш изҳори таслият менамоянд.
Read More
Бо фармоиши вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 2026 таҳти №86, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ба рутбаи ҳарбии навбатии се зина боло – «КАПИТАНИ ЭҲТИЁТӢ» сарфароз гардонида шуд. Тавре дар фармоиши мазкур омадааст, ин қарор мутобиқи банди 127, зербанди 3, сархати дуюми Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбии...
Read More
Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат”, ки ҳамасола бо сарпарастии Пешвои муаззами миллат дар ҷумҳурӣ баргузор мегардад, дар баробари дигар комёбӣ ва дастовардҳои донишгоҳ, дар аз номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” шогирди Литсейи инноватсионии Душанбеи назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зиёдалиев Аҳмадҷон низ ғолибият ба даст оварда, сазовори ҷойи дуюм ва мукофотпўлӣ дар ҳаҷми 50...
Read More
Аз 24 то 31 октябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Корея дар доираи татбиқи лоиҳаи «Таъсиси Маркази технологияҳои нассоҷӣ барои омода намудани муҳандисони соҳаи саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон», ки бо маблағгузории Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) ба маблағи 10 миллион доллари ИМА дар заминаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон амалӣ мегардад, барномаи омӯзишӣ ва табодули таҷриба баргузор мешавад....
Read More
Дар асоси нақшаи корӣ ва дастуру роҳнамоиҳои ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ 23 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо донишҷӯёни курси якуми факултети муштараки Тоҷикистону Белорус – Донишгоҳи давлатии Полотск ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии маърифатӣ дар мавзўи “Нақши стратегияҳои давлатӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон” баргузор гардид. Дар чорабинӣ...
Read More
Донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси «Дизайни костюм» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар жанри рассомӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Мақбулшоева Маловат – ҷойи дуюм; Ниёзова Зарафшон – ҷойи сеюм. Ғолибонро самимона табрик гуфта, ба онҳо комёбиҳои минбаъдаи илмиву эҷодӣ орзумандем!
Read More
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо ҳайати коршиносони Намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Корея (KOICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Вохӯрии мазкур дар заминаи барқияи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи лоиҳаи «Мусоидат ба тақвияти экосистемаи инноватсионии зеҳни сунъӣ ва IT-стартапҳо тавассути IT-Парк» доир шуда, ба баррасии...
Read More
Дар санаи 24 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон семинари илмӣ-омӯзишӣ таҳти унвони «Системаҳои квантӣ-бехатар: ҳисоббарорӣ, амният ва иртибот» баргузор гардид. Дар доираи семинар муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ, дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ Ғаффорзода Фирӯз Муҳриддин оид ба натиҷаҳои иштирок дар барномаи омӯзишии байналмилалии «Quantum-Safe Systems:...
Read More
Боиси ифтихору сарфарозист, ки фазои илмӣ ва инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон боз як дастоварди назаррасро соҳиб гардид. Донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-400301 – «Зеҳни сунъӣ» Маҳмадхонзода Фахриддин дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз», ки ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид, иштирок намуда, дар...
Read More
1 2 3 … 26