5 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон перомуни «Рушди таҳсилоти фаромиллӣ: стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини сифати муассисаҳои таҳсилоти олӣ» суҳбат дар гирди мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он мушовири директори генералии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР), доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики Академияи илмҳои табиатшиносии Россия Олга Яновская иштирок намуд.
Аз номи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҳмонзода Зоир Файзалӣ мушовири ректор оид ба сифати таҳсилот ва аккредитатсияи байналмилалӣ Маҳмуд Тошматов хайрамақдам гуфт.
Зимни сухани ифтитоҳӣ ӯ аҳаммияти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи стандартҳои пешқадами таъмини сифати таҳсилот ва тавсеаи ҳамгироии муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистонро ба фазои байналмилалии таҳсилот таъкид намуд.
Дар идома Олга Алексеевна дар мавзуи «Рушди таҳсилоти фаромиллӣ: стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини сифат» суханронии пурмуҳтаво кард. Зимни баромади ӯ таваҷҷуҳи асосӣ ба тамоюлҳои муосири байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ, такмили механизмҳои аккредитатсияи байналмилалӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии барномаҳои таълимӣ равона гардид.
Инчунин масъалаҳои мубрами такмили равишҳои аккредитатсияи барномаҳои таълимӣ, рушди барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳсилоти дудиплома, ҷорӣ намудани масирҳои чандири таълимӣ, микротахассусҳо, барномаҳои кутоҳмуддати таълимӣ ва шаклҳои гуногуни таҳсилоти муттасил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар чорабинӣ масъалаҳои имконият ва хатарҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, инчунин зарурати мутобиқсозии низоми таъмини сифати таҳсилоти олӣ ба таҳаввулоти муосири технологӣ ҷойгоҳи махсус доштанд.
Гумони ғолиб бар он аст, ки чорабинӣ баҳри рушди таҳсилоти фаромиллӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии академӣ ва такмили минбаъдаи низоми таъмини сифати таҳсилот дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

