БОЗ ЯК ҒАЛАБАИ ДИГАРИ ДАСТАИ ФУТЗАЛИ ДОНИШГОҲ

Рӯзи 09.03.2025 дар мусобиқаи Лигаи футзали донишҷӯён, дастаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо дастаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон рақобат намуда, бо ҳисоби 4:2 дастболо шуд.
Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки бозии футзал аз 13.01.2025 миёни дастаҳои донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст. Дастаи футзали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур бо 12 дастаи донишгоҳу донишкадаи олии кишвар сабқат намуда, дар панҷ бозӣ бо дастаҳои Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Донишгоҳи техникӣ, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолиб гардида, дар як бозӣ бо дастаи Филиали Донишгоҳи давлати Москва ба номи М.Ломоносов бозиро мусовӣ намуд.
Дар бозиҳои минбаъда ба дастаи футзали Донишгоҳ барору комёбиҳо таманно менамоем.
Аҳсан. МУБОРАК БОШАД!