Санаи 28-уми апрели соли 2025 бо мусоидат ва дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи “Таъсиси маркази таълимӣ дар соҳаи технологияҳои нассоҷӣ оид ба омада намудани муҳандисони саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон” дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) маблағгузорӣ карда мешавад, вохӯрии ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бо намояндагони Институти тадқиқотии DYETEC-и Ҷумҳурии Корея Чой Вон Сеок – директори маркази ҳамкориҳои глоболӣ ва Томас Юн – ҳамоҳангсозӣ лоиҳа баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Раҳмонзода З.Ф. меҳмононро бо дастовардҳои таълимию илмии донишгоҳ ва доираи васеи ҳамкориҳо бо созмону ташкилотҳои кореягӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори технологӣ, фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, саноати сабук ва омӯзиши фарҳангу забони Корея шинос намуд.
Сипас, ҷонибҳо ба муҳокимаи масъалаҳои марбут ба роҳҳои татбиқи саривақтиии лоиҳа пардохта, хулосаҳои ниҳоии коршиносони соҳавӣ ва Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA)-ро баррасӣ намуданд ва омодагии худро нисбати оғози пурраи лоиҳа иброз доштанд. Инчунин, ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳо, аз ҷумла таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои муштараки илмию техникӣ шарномаи ҳамкориро ба имзо расониданд.
Дар фаранҷоми вохӯрӣ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба меҳмонон ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.