БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ДОХИЛИДОНИШГОҲИИ “ИХТИРОЪКОРОНИ ҶАВОН” ВА “БЕҲТАРИН ЛОИҲАҲОИ ИННОВАТСИОНИИ ДОНИШҶӮӢ”

Имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни дохилидонишгоҳии “Ихтироъкорони ҷавон” ва “Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯӣ” баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи озмун, ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иброз дошт, ки дар замони муосир рушди техника ва технология яке аз омилҳои асосии пешравии иқтисодиёти ҳар як кишвар буда, инноватсия ва навоварӣ мавқеи ҳалкунанда дорад. Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маориф ва илм аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар асоси супоришҳои Пешвои миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳоро амалӣ намуда истодааст. Махсусан, ба ихтироъкорию навоварии ҷавонон, ки онҳо насли аз технологияҳои нав бурхӯрдор мебошанд, диққати ҷиддӣ дода мешавад. Имрӯзҳо дар иқтисодиёти кишвар техника ва технологияи муосир ворид карда шуда, корхонаҳои саноатии кишвар дар асоси ин технологияҳои инноватсионӣ маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намуда, ҳаҷми содиротии кишварро зиёд карда истодаанд.
Баргузории озмуни «Ихтироъкорони ҷавон» ва «Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯӣ» дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон яке аз ташаббусҳое мебошад, ки ба баланд бардоштани истеъдоди навоварии ҷавонон, ташаккул додани малакаи навоварию ихтироъкорӣ саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.
Зоир Файзалӣ қайд намуд, ки аз байни ҷавонони болаёқати Донишгоҳ дар ояндаи наздик ихтироъкорону навоваронеро хоҳем дид, ки Тоҷикистони азизи мо ба ғайр аз хориҷи кишвар ворид намудани технологияҳо соҳиби технологияҳои ватанӣ мегардад.
Сипас, ҳайати раёсати Донишгоҳ аз ихтироъ ва навовариҳои донишҷӯён ва хонандагони Литсеӣ инноватсионии “Душанбе” –и назди Донишгоҳ дидан намуданд.
Баъд аз фарҷоми чорабинӣ ҳайати комиссия барои баҳогузории ихтироъ ва навовариҳо шурӯъ намуд, ки беҳтаринҳо дар рӯзҳои наздик эълон гардида, бо мукофотпӯлиҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
ДТТ, 26.04.2025