МАРКАЗИ ТАМОС – ПАЙВАНДИ УСТУВОР БАЙНИ ДОНИШГОҲ ВА ВОЛИДАЙН

Бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ва робитаи доимӣ байни донишгоҳ ва волидайни донишҷӯён, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ташаббуси ректори Донишгоҳ Маркази тамос таъсис дода шуд. Ин иқдом ба манзури фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасӣ ба маълумот дар бораи раванди таҳсил, ҳузур, ахлоқ ва пешрафти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии донишҷӯён рӯйи даст гирифта шудааст.
Маркази тамос ба волидайн имкон медиҳад, ки дар вақти кӯтоҳ ва ба таври шаффоф аз ҳолати таҳсил ва рафтори фарзандони худ дар Донишгоҳ огоҳ шаванд. Ин иқдом дар баланд бардоштани сатҳи масъулияти донишҷӯён, инчунин ҷалби фаъолонаи волидайн ба раванди таълиму тарбия нақши муассир хоҳад гузошт.
Раёсати Донишгоҳ бар ин андеша ҳаст, ки бо истифода аз технологияҳои муосир робитаи байни маъмурият, устодон, донишҷӯён ва волидайнро боз ҳам наздиктар намояд. Маркази тамос ба сифати як пули мустаҳкам байни Донишгоҳ ва волидайн хизмат хоҳад кард.