ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ

Санаи 24.04.2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ дар Маҷмааи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии “Фирдавсӣ” аксияи “Тоҷикона мепӯшем” бо занону бонувони вазорату идораҳо баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ бо ба бар намудани либосҳои миллӣ ширкат варзиданд.