ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ҚАҲРАМОНУ ҶОНФИДО, НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ, ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР
Раҳмонзода Зоир Файзалӣ – д.и.и., и.в. профессор, ректори
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, ҳамдилию ҳамраъйӣ 29 сол мешавад, ки мардуми сарбаланди кишвар Рӯзи Ваҳдати миллиро зери сиёсати сулҳпарварона, хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳи болида истиқбол мегиранд.
Мусаллам аст, ки баробари ба Истиқлол расидани давлати тоҷикон қувваҳои бадхоҳу манфиатҷӯ бо кумаку дастгирии хоҷагони хориҷии худ ҷанги бародаркушро ба кишвари мо таҳмил карданд, ки сабаби кушта шудани як теъдод шаҳрвандони осоишта, низомиён-тарафдорони ҳукумати амалкунандаи кишвар ва шикасти пойгоҳи иқтисодиву иҷтимоии кишвар гардид.
Мавриде, ки аз истиқрори сулҳ сухан мекунем, саргаҳи он ба Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шурои Олӣ иртибот мегирад, ки моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардид ва дар ин лаҳзаҳои басо мушкил ва сарнавиштсоз сарварии кишвар ба дӯши Эмомалӣ Раҳмон, ки он замон 40 сол доштанд, гузошта шуд.
Аз аввалин корҳоеро, ки ин сарвари ҷавон анҷом доданд, парчамро ба чашмони худ молида савганд ёд карданд, ки то охирин гурезаро ба кишвар барнагардонам ва мардумро ба сулҳу салоҳ наёварам, худро ором ҳис нахоҳам кард.
Ба ин манзур, аз соли 1994 то соли 1997 тайи се солу се моҳ дар 21 нишаст фарзандони баномуси тоҷик масири баҳамоиро кашф намуданд, ки дар саргаҳи ин раванд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд.
Ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз соли 1992 то 1997 идома ёфт, кишварро ба вартаи нобудӣ бурда буд. Зиёнҳои ҷонӣ ва иқтисодии он фоҷиабор буданд — зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта, ҳазорҳо занону бонувон бешавҳар, садҳо ҳазор кӯдакони ятиммонда ва беш аз миллион нафар муҳоҷир шуданд[1].
Дар ин давра нишондиҳандаи асосии макроиқтисодии кишвар, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 3 маротиба коҳиш ёфт, ки чунин ҳодиса дар иқтисодиёти ягон кишвари ҷаҳон ба чашм нарасидааст ва аз ҷониби мутахассисон-иқтисоддонҳои хориҷӣ бесобиқа арзёбӣ карда шудааст (расми 1).
[1] Раҳимов, С. “Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон: сабабҳо ва оқибатҳо”, Маҷаллаи илмҳои сиёсӣ, №3, Душанбе, 2005.

Расми 1. Таҳияи муаллиф. Пастравии ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар давраи солҳои 1991-1997
Дар чунин шароит бастани Созишномаи сулҳ на танҳо як амал дар сатҳи сиёсӣ, балки ибтикори миллӣ барои наҷоти кишвар арзёбӣ мегардад.
Бо мақсади иҷрои беғаразона ва дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳои созанда Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Қаҳрамони ҷонфидо, наҷотбахш, ва воқеан дилсӯзу ғамхори миллати сарбаланди тоҷик намунаи аз худ гузаштанҳоро нишон дода, ҳамаи ҷонибҳои ба сулҳи тоҷикон манфиатдорро гирди ҳам овард ва дар ниҳоят, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ба имзо расид.
Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд ҳалкунанда буд. Ӯ бо иқдомҳои сиёсӣ, дипломатӣ ва инсонпарварона тавонист тарафҳои даргирро ба сари мизи музокира биёрад ва бо забони сулҳ онҳоро ба созиш бирасонад.[1]
Санаи таърихии Рӯзи ваҳдати миллӣ, барои халқи тоҷик бисёр муҳиму арзишманд аст, чунки маҳз ба шарофати он давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз хатари нобудшавӣ эмин монд ва миллати қариб пароканда шударо ба ҳам овард. Баъд аз низову кашмакашҳо ва ҷангҳои таҳмилии аввали солҳои навадуми қарни гузашта, боз қомат рост кардану ба пеш рафтан, барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилӣ ва ба чунин комёбиҳо, ки имрӯз насибамон ҳаст расидан, воқеан саодати бузург аст.
Андеша ва садоқати азалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар лаҳзаҳои душвор миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳад, дар қалбу дидаи мардум умед ба зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро барафрӯзад.
Марҳилаҳои созиши миллӣ дар таърихи Тоҷикистон ҳодисаи фаромӯшнашаванда маҳсуб ёфта, дар ин марҳила, хосса нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши миллат беназир арзёбӣ гардидааст. Агар кӯшишу заҳматҳои доимии Пешвои миллатамон намебуд, на танҳо ба созиш ва ваҳдати миллӣ намерасидем, балки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амсоли кишвари ҳамсоя – Афғонистон ба майдони тохтутозҳои бемаънии худхоҳони дохиливу хориҷӣ табдил меёфт.
Натиҷаи чунин ҷоннисориҳои беғаразона буд, ки номи кишвари моро ҳамчун Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷикро дар симои Пешвояш чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Миллати Тоҷик мешиносанду эътироф кардаанд.
Баракати сулҳу ваҳдати миллӣ имкони воқеии рушдро дар ҳамаи арсаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ фароҳам овард. Дар фосилаи 29 соли ваҳдату оромӣ миллати Тоҷик аз пайи шукуфоӣ зина ба зина дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсӣ пешрафт мекунад.
Суботи том дар кишвар барпо шуда, дастовардҳои такондиҳандае рӯзафзун садо медиҳанд. Ватан дар фазои истиқлоли комил гом мезанад. Акнун Душанбее, ки аз он садои тиру ба машом бӯи хун меомад ва мардумон дар ваҳшату гурез қарор доштанд, ба яке амнтарин пойтахтҳои кишварҳои ҷаҳон, зебошаҳри гулпӯши муосир табдил ёфтааст.
Имрӯз пойтахти тоҷикон ба ҳайси яке аз марказҳои тасмимгирӣ дар маъракаву ҳамоишҳои фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст, ки он аз баракати Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ маншаъ мегирад.
Маҳз сулҳу ваҳдати миллӣ имконият фароҳам овард, ки дар давоми 29 сол иқтисодиёти Чумҳурии Тоҷикистон 8 маротиба рушд кардааст. Дар замони муосир ба ягон кишвари дунё мушарраф нагардидааст, ки дар як муддати кўтоҳ бо чунин суръати баланд рушди иқтисодиёташро таъмин карда бошад.
[1] Раҳмон, Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. Душанбе: Ирфон, 2015.

Расми 2. Таҳияи муаллиф. Рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз бастани Созишномаи сулҳ (солҳои 1997-2025)
Ин ҷоннисориҳои шабонарӯзии Қаҳрамони миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо банақшагирӣ, таҳияи ва тасдиқи чор ҳадафҳои мушаххаси стратегии Ҳукумати кишварро оқилонаю хирадмандона ва дар сатҳи баланди касбӣ муайян карда, ба рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ заминаи муносиб муҳайё намуда, бо амалӣ намудани он чор ҳадаф, марҳила ба марҳила Тоҷикистони азизро ба яке аз давлатҳои рӯ ба тарақӣ мубадал гардониданд.
Ҳадафи якуми стратегӣ – Дастрасӣ ба истиқлоли энергетикӣ ва ноил шудан ба кишвари содиркунандаи барқ мебошад. Истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун рукни асосии мустақилияти иқтисодӣ аз оғози асри XXI дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. То имзои истиқрори сулҳ, зиёда аз 70%-и иқтидори энергетикии кишвар фалаҷ гардида буд[1]. Дар ин замина, аз соли 2008 идомаи корҳо дар сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ва дастгирии миллати тоҷик аз нав оғоз гардид. Ин лоиҳаи бузурги миллӣ бо иқдоми мустақилонаи Тоҷикистон, бо вуҷуди мухолифатҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, бо сармоягузории дохилӣ ва дастгириву саҳмгузории мардуми кишвар шурӯъ шуд.
Баъд аз ба истифода додани аввалин агрегати НБО “Роғун” соли 2018, иқтидори тавлиди барқ марҳила ба марҳила афзуда, шароити интиқоли барқ ба тамоми манотиқи кишвар беҳтар гардид[2]. Татбиқи ин лоиҳа Тоҷикистонро ба яке аз содиркунандагони неруи барқ дар Осиёи Марказӣ табдил медиҳад, ки аз ҷумла лоиҳаи CASA-1000 бо ин мақсад амалӣ мешавад.
Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 57 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 22 миллиард киловатт – соат дар соли 2024 афзоиш дода шуд. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. [3]
Ин иқдом ва ташаббуси Пешво новобаста аз мушкилотҳои болозикр аз ҷониби сокинону шаҳрвандон ва мардуми кишвар ҳамовозии хеле хуб пайдо карда, имрӯз мардуми кишвар шоҳиди давра ба давра ва сол то сол ба марҳилаҳои сифатан нави таъмини энергетикӣ ва зиндагии шоиста расида истодаанд.
Ҳадафи дуюми стратегӣ – Раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани кишвар ҳамчун кишвари транзитӣ дар минтақа буд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки то ибтидои солҳои 2000-ум, бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон бо марказҳо иртиботи заминии доимӣ надоштанд.
Махсусан, ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва минтақаҳои марказию ҷанубӣ аз ҳам ҷудо буданд. Барои аз байн бурдани ин мушкилот, Ҳукумати кишвар як барномаи густардаи роҳсозӣ ва нақбсозиро роҳандозӣ кард.
Аз ҷумла, бо ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва маблағҳои дохилӣ:
[1] Абдураҳмон, Қ. “Энергетикаи Тоҷикистон: аз рукуд то истиқлолият”. Маҷаллаи иқтисоди миллӣ, №2, 2018.
[2] Вазорати энергетика ва захираҳои об. “Маълумотномаи оморӣ доир ба сохтмони НБО Роғун”, Душанбе, 2021.
[3] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ш. Душанбе, 28.декабри соли 2024.
Нақбҳои “Истиқлол” (Анзоб), “Шаҳристон”, “Хатлон”, “Чормағзак”, ки минтақаҳои ҷудошударо пайваст намуданд;
Шоҳроҳҳои байналмилалии Душанбе–Чанак ва Душанбе–Қулма, ки Тоҷикистонро бо Чин, Қирғизистон ва Русия мепайванданд;
Фурудгоҳҳои муосири байналмилалӣ дар Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб бунёд гардиданд[1].
Солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёт низ бомаром рушд намуда, дар натиҷа мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардида истодаем. Бо ин мақсад, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин, Тоҷикистон – Чин – Покистон истифода хоҳанд шуд.
Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд.
Роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр), аз Варшез то гузаргоҳи Кулма – Қарасу (300 километр), Бохтар – Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус – Айвоҷ – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон (170 километр), Хуҷанд – Конибодом (57 километр), Хуҷанд – Ашт (122 километр) ва Балҷувон – Сари Хосор (58 километр) аз ҷумлаи ҳамин лоиҳаҳо мебошанд.
Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Ҳоло лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод ба маблағи 3,3 миллиард сомонӣ ва бунёди пули калонтарин дар мамлакат бо дарозии 920 метр ба маблағи 625 миллион сомонӣ дар водии Рашт амалӣ шуда истодаанд.
Инчунин, татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои Бекобод – Деҳмой, Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз ва Конибодом – Кучкак (52 километр) 635 миллион сомонӣ дар вилояти Суғд, Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара (69 километр) 672 миллион сомонӣ, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт (59 километр) 740 миллион сомонӣ дар вилояти Хатлон идома дорад.
Ҳамзамон бо ин, дар ВМКБ таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ, сохтмони ду пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунд ва Шорфдара, 4,5 километр роҳ ва долонҳои зидди тарма (550 метр) ба маблағи 342 миллион сомонӣ идома дорад.
[1] Вазорати нақлиёти ҶТ. Гузориши рушди инфрасохтор (2005–2020), Душанбе, 2021.
Бунёди роҳҳои Гулистон – Кӯлоб (35 километр) 745 миллион сомонӣ, Данғара – Гулистон (49 километр) 1 миллиарду 314 миллион сомонӣ, Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ (137 километр – марҳалаи якум) 449 миллион сомонӣ ва марҳалаҳои боқимонда ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ дар давраи иҷро ва қисме дар марҳилаи оғозшавӣ қарор дорад.
Дар 7 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар пойтахти мамлакат 82 километр роҳҳо ба маблағи 2 миллиарду 235 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шуданд.
Дар се соли оянда дар шаҳри Душанбе 40 километр роҳҳои мошингард бо 7 эстакада бо арзиши умумии зиёда аз 3 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.
Танҳо дар соли 2023 дар пойтахти мамлакат 16 километр роҳҳои мошингард бо арзиши 700 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза гирифта, танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ба маблағи зиёда аз 300 миллион сомонӣ қариб 1000 километр роҳҳои маҳаллӣ таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 41 пул ба анҷом расидааст.
Тасмим гирифта шудааст, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкарда дар панҷ – шаш соли оянда бояд ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гарданд. Яъне бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафи стратегиамон – ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил шуда, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии халқамонро таъмин намоем.[1]
Ҳадафи сеюми стратегӣ – Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои солим ба ҳисоб меравад.
Дар ин самт вобаста ба ин ҳадаф, бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ва баракати истиқрори сулҳ ба ҳисоб меравад.
Баъди ҷанги шаҳрвандӣ соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дар ҳолати шадиди рукуд қарор дошт. Ин соҳа ғановати табиии зиёд дорад, вале норасоии техника, захираҳои молиявӣ ва омодагии кадрӣ амнияти озуқавориро зери хатар қарор дода буданд. Аз соли 2008 ба ин сӯ, амнияти озуқаворӣ ба унвони ҳадафи стратегӣ эълон гардида, дар сатҳи қонунгузорӣ ва барномарезии давлатӣ татбиқ гардид.
Бо роҳандозии барномаи “Рушди деҳот, соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ”, як қатор дастовардҳо ба даст омаданд, аз ҷумла: Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 2010–2020 зиёда аз 2 баробар; Бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ; Ташвиқи соҳибкории деҳот ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти ватанӣ[2], ки ҳамаи ин боиси таҳким ёфтани амнияти озуқаворӣ гардиданд.
Ҳанӯз дар оғози солҳои истиқлоли давлатӣ, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992–1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд.
Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра саршумори чорвои калони шохдор 2 баробар (ҳоло шумораи он ба 2,6 миллион сар расидааст), чорвои майда 2 баробар (6,6 миллион сар) ва паранда 1,9 баробар (12,2 миллион сар) зиёд шудааст.
Воридоти гӯшт аз хориҷи кишвар сол ба сол кам гардида, аз 10,7 ҳазор тонна дар соли 2014 ба 144 тонна дар соли 2023 коҳиш ёфтааст. Воридоти шир ниҳоят кам ба қайд гирифта шудааст. Яъне ҳоло талаботи аҳолии мамлакат бо гӯшту шир пурра аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин шуда истодааст.
Қобили зикр аст, ки дар замони шуравӣ ҳар сол ба ҷумҳурӣ 160 ҳазор тонна гӯшт ва 170 ҳазор тонна картошка ворид мегардид.
Соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 2,5 баробар зиёд мебошад.
Истеҳсоли картошка (122 фоизи талабот), сабзавот (174 фоиз), пиёз (527 фоиз), сабзӣ (360 фоиз), полезӣ (312 фоиз), гӯшту шир (100 – фоизӣ) барзиёд аз меъёри истеъмолӣ таъмин гардидааст.
Яъне имрӯз кишвари мо бо ин намудҳои маҳсулоти озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ пурра таъмин мебошад.
Солҳои охир дастгирӣ ва имтиёзҳои барои рушди соҳаи кишоварзӣ пешниҳодгардида натиҷаҳои мусбат дода истодаанд: дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1,6 баробар зиёд гардидааст.
Танҳо дар асоси татбиқи имтиёз дар соҳаи парандапарварӣ дар ин давра шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 3,3 баробар ва ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа 5 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар натиҷа дар замони истиқлолият маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст.[3]
[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ш. Душанбе ,28.декабри соли 2023.
[2]Воҳидов, М. “Амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзии Тоҷикистон”, Ахбори АИ ҶТ, №3, 2019.
[3] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ш. Душанбе ,28.декабри соли 2023.
Ҳадафи чоруми стратегӣ – Саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини шуғли пурмаҳсул.
Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.
Аммо бо вуҷуди имтиёзу сабукиҳои зиёди пешниҳодгардида имконияту иқтидорҳои истифоданашуда барои боз ҳам тезонидани суръати саноатикунонӣ ҳанӯз зиёданд.
Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод гардида буд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.[1]
Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шуд. Ҷиҳати амалисозии ин иқдом тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.
Соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст.
Рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан, амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати кишвар тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд.[2]
Месазад, ки миллати тамаддунофару бузургвори тоҷик ҷиҳати боз ҳам устувор намудани амнияти миллӣ, рушду нумуъ додани иқтисодиёту иҷтимоиёт ва таъмини сулҳу субот дар кишвари азизамон ҳама аз як гиребон сар бароварда, камари ҳиммат бандем, бо Пешвои муаззами миллат ифтихор кунем ва тамоми ташаббусу корҳояшро дастгирӣ намоем.
Маҳз ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ тавонист, ки тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад, барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ ва навини тоҷикон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва ҷаҳонишавӣ замина фароҳам созад.
[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ш. Душанбе ,28.декабри соли 2021.
[2] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ш. Душанбе ,28.декабри соли 2023.
Яке аз натиҷаҳои муҳими Ваҳдати миллӣ эҳёи ҳувияти миллӣ ва фарҳанги тоҷикон мебошад. Баргузории ҷашнҳои миллӣ, монанди Наврӯз, Сада, Меҳргон, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Парчам ва Рӯзи Истиқлол, нақши муҳиме дар таҳкими худшиносии миллӣ доранд[1].
Ҳукумати кишвар бо дарки аҳамияти фарҳанг ва илм, бо ташкили барномаҳои фарҳангӣ ва илмӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ кӯшиш менамояд, ки субот ва ваҳдатро барои наслҳои оянда ҳамчун як арзиши пойдор устувор созад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон шароите фароҳам овард, ки истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободии кишвар ва ояндаи неки давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Таҷрибаи бадастовардаи сулҳи тоҷиконро имрӯз дар миқёси ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи нодир дар ҷодаи сулҳофарӣ маънидод карда, пайваста мавриди омӯзишу таҳқиқ ва васфу ситоиш қарор медиҳанд, ки ҳар як фарди бедордилу соҳибватанро огоҳ мекунад, дар пойдору устувор нигоҳ доштани ин фазои орому осуда – Ваҳдати миллӣ бояд, ки камари ҳиммат бандад.
Тибқи иттилои мавҷуда то имрӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 190 кишвари олам шинохта, беш аз 170 кишвар бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доранд. Намояндагиҳои дипломатии наздики 50 давлат дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Тоҷикистон узви беш аз 55 созмони байналмилаливу минтақавӣ ба ҳисоб меравад.[2]
Дар фароварди ин гуфтаҳо мехоҳем қайд намоем, ки ҳамаи мо сокинону шаҳрвандони ин кишвари азизу маҳбубамон ҷиҳати пойдории сулҳу субот аз як гиребон сар бароварда, барои тарғиби ваҳдати миллӣ, тақвияти маърифати сиёсӣ, ҳифзи марзу бум ва таҳкими истиқлоли миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монем, бо роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва соатҳои хониши сиёсӣ аҳамияти ғояи ваҳдати миллиро ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеа ба сокинону шаҳрвандонамон ба таври возеҳ фаҳмонем, ки бояд ҳар фарди бонангу номуси миллат бо бардоштани сабақи таърихӣ аз ҳодисоти гузаштаи халқамон шукронаи сулҳу суботи сарзамини аҷдодиямонро ба ҷо оварда, ба қадри ин неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасад ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми софдилонаву содиқонаи худро бигузорад.
[1] Раёсати фарҳанги назди Ҳукумати ҶТ. “Ҷашнҳои миллӣ ва ваҳдати миллӣ”, Маҷаллаи фарҳанг ва миллат, №4, 2022.
[2] Муҳаммадзода П. А. Малангова И. И. Таҳлили дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2020 //Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир. 2020, №4(72)

