ТАШРИФИ КОРШИНОСОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ IAAR БА КОРХОНАҲО

Дар доираи раванди аккредитатсияи институтсионалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR), ҳайати коршиносони байналмилалӣ на танҳо бо фаъолияти таълимӣ ва илмии донишгоҳ шинос шуданд, балки аз як қатор объектҳои таҷрибаомӯзӣ ва шарикони истеҳсолии донишгоҳ низ боздид ба амал оварданд. Ин ташриф имконият фароҳам овард, то коршиносон аз наздик бо низоми ҳамгироии таълим ва истеҳсолот, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ ба шумор меравад, ошно гарданд.
Зимни боздид аз корхонаҳои пешқадами кишвар, аз ҷумла Ширкати «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон», Комбинати шири Душанбе, корхонаи истеҳсолии «Арвис» ва дигар муассисаҳои ҳамкор, ба коршиносон шароити таҷрибаомӯзии донишҷӯён, татбиқи донишҳои назариявӣ дар истеҳсолот ва нақши корфармоён дар омодасозии мутахассисони рақобатпазир муаррифӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки донишгоҳ бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ва истифода аз имкониятҳои корхонаҳои истеҳсолӣ мунтазам дарсҳои амалиро ташкил ва баргузор менамояд.
Коршиносони IAAR ба сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни донишгоҳ ва бахши истеҳсолот таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, чунин таҷрибаро омили муҳим дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат арзёбӣ карданд. Ин гуна ҳамкориҳо барои омода намудани мутахассисони соҳибкасб, рушди малакаҳои амалӣ ва таҳкими робитаи илм, таълим ва истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Leave a Reply